Таниш дар марзи миёни Ҳиндустону Покистон идома дорад

Нерӯҳои Ҳиндустону Покистон, ки дар ду тарафи марз дар минтақаи Кашмир мустақаранд, рӯзи якшанбе сӯи ҳамдигар аз тӯпхона оташ кушоданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин дафъа ба касе осеб нарасидааст. Шурӯъ аз рӯзи 6 октябр, ки дар Покистон Иди Ал-Азҳо ё Иди Қурбон таҷлил мешуд, манотиқи ду сӯи марз дар Кашмир чандин бор мавриди оташи тӯпхона қарор гирифтанд, ки бар асари онҳо дасти кам 20 тан аз сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Ҳазорон нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳои худро тарк намоянд.

Ҳанӯз маълум нест, ки моҷарои ахир бо кадом сабаб рӯй додааст.

Ҳиндустону Покистон барои Кашмир ду бор вориди ҷанг шуданд ва таниш миёни ин кишварҳо фақат соли 2003 баъд аз имзои созиши оташбас коҳиш ёфт.