Дар Сурия намояндагони курдҳо ва фармондеҳони нерӯҳои курд изҳор намуданд, ки ҷангиёни “Давлати исломи”-ро барои ақибнишинӣ дар шаҳри Кӯбонӣ маҷбур сохтанд.
Яке аз намоядагони курдҳо рӯзи 16 октябр ба хабаргузориҳо гуфт, ки ҷангиён ҳоло камтар аз 20 дар сади шаҳрро зери назорат доранд. Ба гуфтаи ӯ, ин комёбӣ – натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯён аст. Қаблан “Давлати исломӣ” эълом дошт, ки онҳо 40 дар сади шаҳри Кӯбониро назорат мекунанд.
Ҷангҳо дар атрофи шаҳри Кӯбонӣ, воқеъ дар марзи Туркия, чанд ҳафта боз идома доранд. Аз ин пеш шаҳр дар муҳосираи "Давлати исломӣ" қарор дошт ва 180 ҳазор аз сокинони ин шаҳри курднишин маҷбур шуданд, ки дар хоки Туркия панаҳ баранд.