Эво Моралес боз раисиҷумҳури Боливия интихоб шуд. Додгоҳи олии интихоботии Боливия рӯзи 16 октябр хабар дод, ки ҳамаи баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ баршумурда шуданд ва Эво Моралес ба дарёфти тақрибан 60 дар сади овозҳо муваффақ шудааст. Аз рақиби ӯ – раҳбари ҳизби ростумарказгарои «Ҷабҳаи ваҳдати миллӣ» Дориа Медина 26 дар сади интихобкунандагон пуштибонӣ кардаанд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Боливёия рӯзи 12 октябр баргузор шуда буд.
Бори аввал Эво Моралес соли 2006 ба курсии раисиҷумҳури Боливия нишаст. Ӯ нахустин раҳбари кишвар аз ҳиндуҳои бумии Боливия мебошад.
Эво Моралес аз сиёсати милликунонии бахшҳои калидии кишвар, аз ҷумла, бахши нафту газ кор гирифт ва акнун дар ин кишвари қашшоқи Амрикои Лотин ҳамасола 5 дар сад рушди иқтисодӣ ба чашм мерасад.
Раисиҷумҳури Боливия баъд аз эълони натоҷи муқаддамотии интихобот изҳор карда буд, ки пирӯзияшро ба раҳбари инқилоби Куба Фидел Кастро мебахшад.