Дар Киев даҳҳо нафар эътирозгарон боздошт шуданд

Бинои назди порламон

Дар майдони назди бинои порламони Украина эътирозгарон бо пулиси кишвар вориди задухурд шуданд. Ин эътирозҳои пурсару садо боис шуд, ки намояндагони порламон билофосила ҷаласаи худро қатъ кунанд.

14 октябр баъзе эътирозгарон талош карданд, аз пулиси сафкашида бигзаранд ва вориди бинои порламон шаванд. Эътирозгарон тақозо мекарданд, ки Верховная Рада тарҳи қонунеро ба тасвиб расонад ва гурӯҳҳои партизании давраи Ҷанги дуввуми ҷаҳониро Созмони миллатгароёни Украина ва Артиши шӯришии Украинаро қаҳрамони миллӣ эълон кунад, зеро дар солҳои ҷанг ин артиш бар зидди нируҳои Шӯравӣ ва нируҳои Гитлер ҷанг мекард.

Хабаргузории Украина UNIAN гузориш додааст, ки баъзе эътирозгарон дар даст асо дошанд ва баъзеҳои дигар ба сӯи бинои порламон ва ба сӯи кормандони пулис моддаи оташзо партоб мекарданд.

Бино ба гузоришҳо, баъзе эътирозгарон аз ҳизби миллатгарои Свобода будаанд, вале Олеҳ Тияҳнибок-раҳбари ҳизби мазкур ин иддаро рад кард. Даҳҳо нафар эътирозгарон боздошт шудаанд