Эмомалӣ Раҳмон, ки бо соҳибкорону сармоягузорони дохил ва хориҷи кишвар дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе мулоқот мекард, аз пинҳонкории тоҷирону аз мураккабии расмиёти андозбандӣ интиқод намуд.
Ҷаноби Раҳмон ҳангоми суханронияш гуфт, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба маблағи зиёда аз 350 миллион сомонӣ “кам ҳисоб кардан” ва“пинҳонкунии андозҳо” ошкор карда шудааст. Ӯ дар як вақт аз шеваи андозбандӣ ҳам интиқод карда ва гуфт, “низоми андозбандӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки дар баробари ҷамъоварии андоз он ба рушди минбаъдаи иқтисод мусоидат намояд.”
Эмомалӣ Раҳмон 14 октябрро Рӯзи соҳибкорон эълон карда, афзуд, бо мақсади соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа мӯҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз кам карда шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот ҳамчунин гуфт, бо мақсади дастгирии соҳибкорон соли гузашта Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” таъсис дода, ба он аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 63 миллион сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. Ба гуфтаи вай, пешбинӣ шудааст, ки ба сармояи фонд соли 2015 то 130 миллион сомонӣ ва дар 7 соли оянда то як миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. То имрӯз аз ҷониби фонд ба 56 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи 48 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз ширкатдорони мулоқоти раиси ҷумҳур дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар ин ҷаласаи панҷ соата ҳар сухане, ки дар дил доштанд ба президент гуфтанд. Ҳатто ҳарфҳоеро, ки ҳеҷ гоҳ намехоҳанд расонаӣ шаванд.” Ин соҳибкорон мегӯянд, онҳо бештар дар бораи масоили андозбандӣ, гарон будани фоизҳои бонкҳо ҳангоми гирифтани қарз, соҳибкории хурд, надоштани замин барои бунёди корхона ва камбуд ё набуди барқ дар фасли сармо ба президент арз карданд.
Маҳмадалӣ Шокиров, раҳбари ширкати “Абат”, ки ба ҳамлу нақли автомобил ба Тоҷикистон сару кор дорад, гуфт, дар ин мулоқот қариб мушкиле намонд, ки мадди назар дур монда бошад: “Дар мулоқот гуфта шуд, ки бештар корхонаҳои тавлидӣ мушкили андоз доштаанд. Ҳамчунин дар робита ба бештар будани андоз ҳангоми ворид кардани маҳсулоту таҷҳизот низ гуфта шуд, ки таъкид гардид, то соли оянда ё моҳҳои наздик бояд ҳалли худро ёбад.”
Аммо Ғамзабону Неъматуллоева, соҳибкор аз минтақаи озоди иқтисодии Суғд, ки лӯлаи политилиенӣ истеҳсол мекунад, мегӯяд, ҳарчанд мулоқот наздик ба панҷ соат идома кард, аммо онҳо имкон наёфтанд, ки мушкилашонро ба президент расонанд. Бинобар ин, соҳибкорони минтақаи озоди иқтисодии Суғд, мушкили худро тариқи хаттӣ ба президент пешниҳод намуданд: “Мо барои ашёи хом ду маротиба андоз аз арзиши иловашуда мепардозем. Як маротиба меоянд андоз аз арзиши иловашуда месупорем боз пас аз тайёр шудани лӯлаҳо боз андоз месупорем.”
Шоиста, як соҳибкорзани дигар аз шаҳри Конибодом, ки корхонааш ба хизматрасонии энергетикӣ машғул аст, чунин гуфт: “Ба назари ман дар ин мулоқот бештар ба дастгирӣ ёфтани соҳибкорони ҷавон ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ таваҷҷӯҳ карда шуд.”
Ҳарчанд соҳибкорон ба мушкилоти расмиёти гумрукӣ дахл накарданд, аммо худи раиси ҷумҳур ин масъаларо матраҳ кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соддагардонии расмиёти гумрукӣ ҳангоми содирот, воридот ва транзити молу воситаҳои нақлиёт қисми муҳимми ислоҳоти иқтисодӣ мебошад ва он ҷиҳати соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва ҷалби сармоя ва бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани расмиёти гумрукӣ Кодекси гумруки Тоҷикистон, такмил дода шуд.
Зимнан дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон гуфта шуд, ки дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷаи кишвар ба соҳибкорони хурду миёна беш аз 720 миллион сомонӣ маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзнок ҷудо шудааст. Давоми солҳои 2010-2014 бонкҳо ва дигар созмонҳои молиявии кишвар ба иқтисод 34 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки аз ин 27 миллиард сомонӣ ё 78 фоизи он ба бахши хусусӣ рост омадааст.