Як мардикори 19-солаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз қабати 20-уми як сохтмон афтида, ҳалок шудааст. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ҷасади ин ҷавонро ҳанӯз субҳи 10 октябр аз қабати 13-ум ёфтаанд. Сомонаи “Фонтанка.Ру” хабар дод, ки ин фалокат дар майдони сохтмонии маҷмааи истиқоматии “Северная долина” рух додааст., Гуфта мешавад, мардикори тоҷик ҳангоми ғунучини партовҳои сохтмонӣ ба иллати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз қабати 20-уми бино сарозер шуда, билофосила дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. Исми шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон нашр нашудааст.