Эҳтимоли бастани "Мемориал" вуҷуд дорад

Вазорати адлияи Русия аз Додгоҳи Олии ин кишвар дархост кардааст, ки “Мемориал”-созмони мустақили ҳуқуқи башарро бибандад. Муроҳифаи додгоҳӣ барои бастани ин созмон 13 ноябр пешбинӣ шудааст. Дар ин бора сомонаи интернетии Додгоҳи Олӣ хабар додааст.

24 сентябри соли ҷорӣ вазорати адлия дар ин бора парвандаро такмил кард ва рӯзи дигар онро дар Додгоҳи Олӣ пазируфтанд.

Додситонҳои Русия дар гузашта талош доштанд, “Мемориал”-ро тибқи қонуни нави Русия чун “ожонси хориҷӣ” сабти ном кунанд ва яке аз додгоҳҳои Маскав ин дархостро пазируфт.

Дар гузоришҳо гуфта намешавад, ки ба чӣ далел вазорати адлия мехоҳад ин созмони ҳуқуқи башарро бибандад. Ин созмон дар солҳои 1980-ӯми қарни гузашта аз тарафи гурӯҳе аз норозиёни сисёсии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Андрей Сахаров-барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт ташкил шуд.

“Мемориал” чаҳоряк аср чун созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар фаъолият кард ва сарчашмаи муҳими сабти ҳуқуқи башар аз даврони Шӯравӣ барои таърихнависон хоҳад буд.