Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико бархе аз мавқеъҳои худ дар канори шаҳри Кӯбонии Сурияро тарк намуданд. Дар ин бора созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 8 октбяр хабар дод ва гуфт, ки ситезаҷӯён ҳамоно дар шарқ ва ҷанубу шарқи Кӯбонӣ, ки дар марзи Туркия воқеъ аст, вориди даргириҳоянд. Аммо ин созмон мегӯяд, ки “Давлати исломӣ” канораҳои ғарбии шаҳрро тарк намудааст.
Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ бо нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу рӯзи 8 октябр телефонӣ мавзӯи ҳавасманд набудани Анқара дар кӯмак ба курдҳо барои дифоъ аз шаҳри Кӯбониро баррасӣ кард. Курдҳои муқими ин шаҳр бо ҷудоихоҳони Ҳизби коргарони Курдистон, ки се даҳсола боз бо нерӯҳои Туркия меҷанганд, робита доштанд.
Аз ин пеш Стаффан де Мистура, фиристодаи нави СММ оид ба Сурия, хостори вокуниши оҷили байнулмилалӣ ба ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба шаҳри курднишини Айн ул-Араб ё Кӯбонии Сурия шуд. Ӯ дар изҳорот, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, гуфтааст, ҷаҳон аз таҳти назорати тундравҳо қарор гирифтани шаҳре, ки ин қадар фидокорона аз худ дифоъ мекунад, таассуф хоҳад хӯрд. Изҳороти дипломат баъд аз хабаре нашр шуд, ки ҳавопаймоҳои ИМА ва чанд кишвар ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” зарбаҳои нав заданд то монеъи ишғоли Кӯбонӣ аз сӯи онҳо шаванд.
Дар ҳамин ҳол дар Туркия намоишҳои эътирозии курдҳо бо талаби вокуниши шадиди Анкара ба аъмоли ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” идома доранд. Бар асари бархӯрди эътирозгарон ва кормандони полис рӯзи 7 октябр дасти кам 14 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Рӯзи сешанбе парлумони Канада аз ибтикори нахуствазир Стивен Ҳарпер барои пайвастан ба амалиёти эътилофи байнулмилалӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” раъй дод. Қарор аст, ки тайи ним сол ҳавопаймоҳои кишвар ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар Ироқ зарба зананд.