Даргириҳо дар шарқи Украина идома ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта бар асари тирборони шаҳрҳои Попасная ва Золотое дар вилояти Луҳански Украина се сокини осоишта кушта шуданд. Раиси вилоят Геннадий Москал рӯзи сешанбе, 7 октябр, гуфт, ки ҷудоихоҳони рустабор мавқеъҳои низомиёни украинӣ дар канори рустои Веселая Гора ва шаҳри Счастиеро тирборон карданд. Ҳафт сарбоз ва панҷ тан аз кормандони милиса ҷароҳат бардоштанд.

Дар задухӯрдҳо дар наздикиҳои рустои Старогнатовкаи вилояти Донетск як сарбози украинӣ кушта ва ҳафт каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Маркази матбуоти амалиёти зиддитеррор дар Донбасс хабар дод, ки дар шаҳри Марйинка афроди ношинос ба постгоҳи нерӯҳои украинӣ ҳамла карданд. Дар ҳамлаи ҷавобӣ яке аз ҳамлагарон кушта шуд. Ба иттилои ин марказ, субҳи рӯзи сешанбе тирборони мавқеъҳои украинӣ дар фурудгоҳи Донетск идома ёфт.