Ҷустуҷӯи маҳбуси фирорӣ барои рабудану таҷовузи духтари 5-сола

Намозалӣ Сатторов

Намозалӣ Сатторов, ки баъд аз фирор аз зиндони “Кирпичний” дар Қӯрғонтеппа мезистааст, дар арафаи Иди Қурбон духтари панҷсолаеро ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст.

Додситонии вилояти Хатлон амри ҷустуҷӯи Намозалӣ Сатторов, маҳбуси фирориро содир кардааст, ки дар рабудану таҷовуз ба номуси духтари 5-сола муттаҳам мешавад. Ин ниҳод бо ирсоли нома ба унвонии Радиои Озодӣ аз хонандагони торнамои мо барои пайдо кардани Намозалӣ Сатторов кумак хостааст. Манбаъ мегӯяд, Сатторов 25-сола буда, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст.

Ин маҳбуси фирорӣ, ки бар асоси моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне дуздии моликияти шаҳрвандон, дар зиндон давраи ҷазояшро адо мекард, 15 сенятбри соли ҷорӣ аз зиндони маъруф ба “Кирпичний”, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, фирор карда ба шаҳри Қӯрғонтеппа рафтааст. Салимзода Саид Восӣ, муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии оид ба парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими вилояти Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Намозалӣ Сатторов баъд аз омаданаш ба Қӯрғонтеппа бо Гулбаҳор Зокирова (соли тавалудаш 1977, зодаи ноҳияи Қумсангир) шинос мешавад.

“Ин зан, ки аз шавҳараш бо ду кӯдак ҷудо шуда будааст, дархости ин ҷавон барои зиндагии муштаракро қабул мекунад, аммо Сатторов пеш аз Иди Қурбон бо баҳонаи ба тартиб даровардани мӯйи сари Зулайхо Зокирова, духтари 5-солаи ин зан ва Муҳаммадҷон Зокирови 3-сола онҳоро аз хона берун мебарад. Писарро назди сартарош гузошта, духтарро ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар миёни киштзоре ба номусаш таҷовуз мекунад”,-гуфт ӯ.

Мусоҳиби мо аз Досдитонии вилояти Хатлон афзуд, “кӯдакро дар ҳоли беҳушӣ сокинон пайдо карда, ба мақомот хабар медиҳанд. Пас аз гирифтани хулосаи ташхис додситонии вилояти Хатлон нисбат ба Намозалӣ Сатторов бар асоси моддаи 130 қисми 3 (дуздидани кӯдаки ноболиғ); 138 қисми 3, банди “А” (таҷовузи кӯдаки ноболиғ) парванда боз кардааст. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, то дар пайдо кардани ин нафар ба мақомот кумак намоянд.”

Мақомоти Додситонии вилояти Хатлон мегӯянд, дар сурати вохӯрдан бо Намозалӣ Сатторов ба рақамҳои (8 3222) 2 44 51, 2 57 58, 2 25 15 хабар дода шавад.