Руссефф дубора барои мақоми раҳбари Бразилия талош мекунад

Дилма Руссефф

Сокинони Бразилия рӯзи якшанбе, 5 октябр, раисиҷумҳур, аъзои парлумони федеролӣ ва волиҳоро интихоб мекунанд.

Дар интихоботи президентӣ рақибони асосии раисиҷумҳур Дилма Руссефф, ки барои дубора ишғол кардани мақоми раҳбари кишвар талош меварзад, ду нафаранд – Марина Силва, собиқ вазири муҳити зист ва Эсио Невес, номзад аз ҳизби сотсиал-демократии Бразилия.

Чанд моҳ пеш пирӯзии хонум Руссефф дар интихобот ногузир ба чашм мерасад, аммо назарсанҷиҳои ахир баёнгари онанд, ки раисиҷумҳури нав шояд рӯзи 26 октябр, дар даври дуввум интихоб шавад. Дилма Руссеф аз моҳи январи соли 2011 раисиҷумҳури Бразилия аст.

140 миллион сокини Бразилия соҳиби ҳаққи раъй мебошанд. Овоздиҳӣ аз тариқи таҷҳизоти электронӣ сурат мегирад, аз ин рӯ натиҷаҳои интихобот чанд соат баъд аз баста шудани қитъаҳои интихоботӣ маълум хоҳанд шуд.