Ҳамоиши 99-уми ҷаҳонгардон дар Самарқанд

Толиб Рифаӣ-Дабири Кулли Созмони ҷаҳонгардии вобаста ба СММ гуфт, ки ҳоло дар Узбакистон бештар аз ҳафт ҳазор ёдгориҳои таърихӣ вуҷуд дорад ва аксари онҳо ба мероси фарҳангии ҷаҳон ё ба феҳристи ЮНЕСКО дохил шудаанд. Вай гуфт, аз ҷумла шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Хиваву Қуқанд мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.

Вай ин нуктаро дар Самарқанд дар ҳамоиши 99-уми Шӯрои иҷроии созмони мазкур изҳор дошт. Ҳоло дар ин созмон 156 кишвар узвият доранд ва Узбакистон яке аз онҳост ва дар шаҳри Самарқанд Дафтари минтақаии он барои рушди ҷаҳонгардӣ дар масири Роҳи Абрешум фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи Рифаӣ, бо вуҷуди мушкилиҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ дар арсаи байналмиллалӣ аз соли 2010 ба ин сӯ ҷаҳонгардӣ ҳар сол 5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Вай гуфт, даромад аз ҷаҳонгардӣ ҳар сол триллионҳо долларро ташкил медиҳад ва ҳар сол беш аз миллиард нафар дар саросари ҷаҳон ба ба ҷаҳонгардӣ машғул мешаванд.

Дар ҳамоиши Самарқанд Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон суханронӣ кард ва гуфт, ҷаҳонгардӣ ба шикебоиву мудоро дар ҷаҳон кӯмак мекунад.