Лукашенко омода аст нирҳояшро ба Украина фиристад

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Белорус гуфт, ки вай омода аст нируҳои ҳомии сулҳро ба кишвари ҳамсоя ба Укураина бифиристад. Дар Украина аз шаш моҳ ба ин сӯ нируҳои ҳукуматӣ бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ҷанг мекунанд.

Дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии Euronews, ки кормандони он дар сафҳаи интернетии ин шабака 2 октябр ҷой додаанд, Лукашенко гуфтааст, ки “агар зарур аст, нирҳои худро мефиристад”. Вале вай гуфтааст, ки ин кор хеле хатарнок аст, ки “сарбозони худро дар хатар гузорад”. Ба гуфтаи вай, агар Русия ба Ғарб ва Ғарб ба Русия, Русия ба Амрико ва Амрико ба Русия ва ҷонибҳои даргир ба якдигар бовар надоранд, вай омода аст бо истифода аз нируҳои мусаллаҳи худ ҷонибҳои муноқишаро аз якдигар ҷудо кунад.

Лукашенко ҳамчунин гуфт, ки чанд моҳ пеш Беларус нақшаи сулҳро пешниҳод карда буд ва дар он фиристодани нируҳои ҳомии сулҳи кишварашро низ матраҳ карда буд, вале ҳеҷ як аз ҷонибҳо ин нақшаро қабул накард.