Кашфи 105 кило бангдона дар Шӯрообод

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад,ки дар натиҷаи як амалиёт дар кӯҳдомани ноҳияи Шӯрообод аз як махфигоҳ 105 килову 260 грамм бангдона ёфт шудааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин амалиёт рӯзи 1 октябр сурат гирифта, ҳангоми кофтукоб 5 халтаи полиэтилении сафед пайдо шудааст, ки дар он маводи сабзранг бо бӯи хос ҷой доштааст. Ташхис маълум кард, ки маводи ёфтшуда бангдона будааст.