Рустам Чориқулов, табиби деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус, ки дар марги сарбози моргазида -- Бахтиёр Арзиқулов муттаҳам мешавад, худро бегуноҳ донист. Ин сарбоз зодаи рустои Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Файзобод буда, дар оғози моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи газидани мор фавтидааст. Ҳарчанд мақомот Чориқуловро барои бетаваҷҷуҳияш дар қазияи Арзиқулов айбдор мекунанд, худи ӯ мегӯяд, ҳамчун табиб кумаки аввалияро расонда, баъдан сарбозро ба бемористони марказии ноҳия фиристода буд.
Вай нақл мекунад, рӯзи чоруми августи соли ҷорӣ, вақте Бахтиёр Арзиқулов машғули тоза кардани атрофи дидбонгоҳи марзӣ будааст, мор дасташро мегазад. Вале, ба қавли табиб, ин сарбоз намедонист, ки дасташро мор газидааст ва онҳо низ натавонистаанд дарди ӯро ташхис диҳанд. “Вақте натавонистем ташхис кунем, бо ӯ чӣ шудааст, баъд аз расондани кумаки аввалияи тиббӣ сарбозро ҳамроҳи масъули дидбонгоҳи марзӣ ба беморхонаи марказӣ равон кардем”,-гуфт ӯ. Ҳоло Додситонии низомии вилояти Хатлон алайҳи ин табиби рустои Айвоҷ бар асоси моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ, яъне номатлуб анҷом додани вазифаи касбӣ, парванда боз карда, қазияро тафтиш дорад.