Дар зарбаҳо ба Сурия 14 ҷангҷӯи "Давлати исломӣ" кушта шуданд

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба манотиқи шимолу ғарби Сурия дасти кам 14 узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ҳалокат расидаанд.

Рамӣ Абдураҳмон, масъулини созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки дар ин зарбаҳо панҷ тан аз сокинони осоишта ҳам кушта шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ситезаҷӯён дар зарбаҳо ба вилояти шарқии Дайр-аз-Зор ва сокинони осоишта аз зарбаҳо дар вилояти Ҳасакӣ ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои мансабдорони амрикоӣ, дар ҳамлаҳои рӯзи 24 сентбяр даҳҳо маҳалли таҳти назорати “Давлати исломӣ”, аз ҷумла корхонаҳои нафткашие, ки ҳар рӯз барои ситезаҷӯёни гурӯҳ миллионҳо доллар фоида меоварданд, ҳадаф қарор дода шуданд. Дар ҳамлаҳои охир ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ ширкат доштаанд.