Хабарнигори ТВ муовини раиси шаҳри Ваҳдат шуд

Фарзона Хоҷаева, корманди Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Ваҳдат таъин шуд.

Фарзона Хоҷаева, корманди ҳамаканун собиқи Шабакаи аввали телевизони давлатии Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари таъин шуданаш ба вазифаи муовини раиси шаҳри Ваҳдатро тасдиқ кард ва гуфт, алакай корро дар ин мақом шурӯъ кардааст.

Фарзона Хоҷаева дар соли 2008 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллиро хатм намуда, 6 сол боз дар идораи барномаҳои ҷавонӣ ва фарҳангии шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон кор мекард. Фарзона Хоҷаева 28 сол дошта, дар шабакаи аввал масъули таҳияи ду барнома - “Нирӯи ҷавонӣ” ва “Тулӯъ” - буд.

Ин нахустин мавриди таъиноти кормандони телевизион ба мансабҳои давлатӣ нест. Бунафша Одинаева, корманди собиқи Шабакаи аввал, дар соли 2005 муовини раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъин шуда, тайи 9 соли кораш дар ин мақом соҳиби унвони полковник шуд. Бунафша Одинаева дар моҳи марти соли равонмуовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шуд.