Ҷаласаи солонаи Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи ин созмон дар Нию Йорк оғоз шуд. Дар оғози он Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ суханронӣ кард ва гуфт, ҳуқуқи башар дар ҳар нуқтаи ҷаҳон зери ҳамла қарор дорад. Дар ин маҷмаъ раҳбарони 140 давлату ҳукумат ширкат мекунанд.
Таҳдиди Давлати Исломӣ ё ДИИШ дар садри масъалаҳои дастури рӯзи ин маҷмаъ қарор дорад ва интизор меравад, ки раҳбарон дар бораи ин масъалаҳо изҳори назар мекунанд.
Масъалаҳои дигари муҳим густариши вируси бемории Эбола дар Африқо ва фаъолиятҳои таҷовузгаронаи Русия дар Украина мебошад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз ҷумлаи нахустин раҳбароне хоҳад буд, ки 24 сентябр дар ин маҷмаъ суханронӣ хоҳад кард.
Мунозираҳо дар Маҷмаи Умумии СММ дар ҳоле шурӯъ мешаванд, ки Амрико як ҷо бо 5 кишвари арабӣ ба ҳадафҳои Давлати Исломӣ дар Сурия 23 сентябр ҳамлаҳои ҳавоиро оғоз кардаанд ва он нахустин ҳамлаҳо аз чунин навъ аст.
Обама аз ҳимояти кишварҳои арабӣ ситоиш кард ва гуфт, «Амрико дар ин ҳамлаҳо танҳо нест». Мунозираҳо дар Маҷмаи Умумии СММ то 30 сентябр идома хоҳанд ёфт.