24 сентябр дар қароргоҳи СММ дар Нию Йорк Маҷмаи Умумии СММ ба кори худ оғоз мекунад. Дар ин маҷмаъ раҳбарони 140 давлату ҳукумат ширкат хоҳанд ҷуст. Таҳдиди Давлати Исломӣ ё ДИИШ дар садри масъалаҳои дастури рӯзи ин маҷмаъ қарор хоҳад дошт ва интизор меравад, ки раҳбарон ин масъаларо матраҳ хоҳанд кард.
Масъалаҳои дигари муҳим густариши вируси бемории Эбола дар Африқо ва фаъолиятҳои таҷовузгаронаи Русия дар Украина мебошад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз ҷумлаи нахустин раҳбароне хоҳад буд, ки 24 сентябр дар ин маҷмаъ суханронӣ хоҳад кард.
Мунозираҳо дар Маҷмаи Умумии СММ дар ҳоле шурӯъ мешаванд, ки Амрико як ҷо бо 5 кишвари арабӣ ба ҳадафҳои Давлати Исломӣ дар Сурия 23 сентябр ҳамлаҳои ҳавоиро оғоз кардаанд ва он нахустин ҳамлаҳо аз чунин навъ аст.
Обама аз ҳимояти кишварҳои арабӣ ситоиш кард ва гуфт, «Амрико дар ин ҳамлаҳо танҳо нест». Мунозираҳо дар Маҷмаи Умумии СММ то 30 сентябр идома хоҳанд ёфт.