Ҳомии ҳуқуқи инсон Вадим Курамшин дар маҳбас гуруснашинии сиёсӣ эълон кард ва бозбинии парвандаи худро талаб намуд. Модари ӯ Олга Колтунова ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш гуруснашинии сиёсиро 22-юми сентябр дар урдугоҳи муҷозотӣ дар шимоли Қазоқистон сар кардааст. Курамшин бо кӯшишҳояш барои беҳбуди шароити нигаҳдошти маҳбусон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар зиндон машҳур гаштааст. Вай охири соли 2012 бо иттимҳоми тамаъҷӯӣ ба 12 соли ҳабс маҳкум шуд, аммо гуфтааст, ин парвандаи ангезаҳои сиёсӣ дорад. Моҳи декабри соли гузашта Курамшин барандаи Ҷоизаи Людовик Трайеру шуд. Ин ҷоизаест, ки дар соли 1985 ба Нелсон Мандела аз Африқои Ҷанубӣ тақдим гашта буд.