Русия шаҳрванди Қазоқистон Эрлан Косаевро, ки дар яғмои маблағҳои “БТА Банк” айбдор мешавад, ба Остона истирдод кард. Ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, Косаев рӯзи 21 сентябр аз Русия ба қаламрави Қазоқистон интиқол дода шуд ва айни ҳол дар боздоштгоҳи шаҳри Остона аст.
Эрлан Косаев, яке аз раҳбарони “БТА Банк”-и Қазоқистон чанд сол аз тарафи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт ва оқибан дар шаҳри Брянски Русия дастгир шуд. Ба иттилои мақомоти тафтишотии Қазоқистон, ӯ солҳои 2005-2008 дар ҳайати як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ маблағи бузургеро аз “БТА Банк” ба яғмо бурдааст.
Муттаҳами асосӣ аз рӯи ин парванда – раиси пешини Шӯрои мудирони “БТА Банк” Мухтор Аблёзов, айни ҳол дар як боздоштгоҳи Фаронса нигаҳ дошта мешавад. Порис ба талаби Остона барои истирдоди ӯ ҳанӯз посух надодааст. Мухтор Аблёзов мегӯяд, ки иттиҳоми Остона алайҳи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва марбут ба мухолифаташ бо раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев аст. Ба гуфтаи Аблёзов, муҳокимаи додгоҳӣ алайҳи ӯ дар ватанаш одилона сурат нахоҳад гирифт.