Дар Шотландия раъйпурсӣ дар бораи сарнавишти ояндаи ин кишвар идома дорад, ки дар ҳайати Бритониё бимонад ва ё аз он ҷудо гашта кишвари комилан мустақил шавад. Бар асоси назарсанҷиҳои ахир, 52 дар сади мардуми Шотландия тарафдори иттиҳод бо Бритониё ва 48 дар сад тарафдори истиқлоли комил будаанд. Алекс Салмонд, нахуствазир ва раиси Ҳизби Миллии Шотландия, ки тарафдори истиқлол аст, гуфт, раъйпурсӣ “ягона фурсат дар зиндагӣ” барои Шотландия аст, ки сарнавишти ояндаи хешро ба даст бигирад. Дейвид Камерон, нахуствазири Бритониё, гуфт, дар сурати ҷудоии Шотландия, “сахт дилшикаста” хоҳад шуд ва ҳушдор дод, ки Шотландия дигар имкони пайвастан ба Бритониёро нахоҳад дошт. Шотландия 307 сол аст, ки дар ҳайати Бритониё аст. Дар раъйпурсӣ аз мардум пурсида шудааст, ки “Шотландия бояд кишвари мустақил бошад?” Натиҷаҳои раъйпурсиро рӯзи 19-уми сентябр эълон мекунанд.