Ба ақидаи додгоҳ, ҷурми Абдураҳмон Давлатови 37-сола дар говдуздӣ собит шудааст ва иддаои ӯ, ки ҳалнома ноодилона аст, асос надорад. Ёрдамчии раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Зайниддин Азизов рӯзи 11 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 17 феврали соли 2014 Абдураҳмон Давлатов дар содир намудани ҷиноят бо банди 244 қисми 2 гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ду соли ҳабс таъйин шуд, аммо дар асоси банди 71 ва бо назардошти фарзандони ноболиғаш ҷазо ба 2 сол мӯҳлати санҷишӣ ва 4000 сомонӣ ҷарима иваз гардид.»
Аммо Абдураҳмон Давлатов мегӯяд, додгоҳ натавонист айбномаи ӯро бо далелҳо исбот кунад ва зимни шоҳидии шахсе маҳкум гашт, ки бемории руҳӣ дошта, баёноти ӯ набояд аҳамияти ҳуқуқӣ дошта бошад. Ва ҳам ин шахс -- Саидбек Сафаров аз сӯи дигар дар ҷиноят шарик дониста мешавад: «Ман қурбони беинсофӣ ва тӯҳмати кормандони милиса ва судяҳо шудаам, ба амали дуздие, ки нафари дигар даст дораду маро тӯҳмат задаанд, ҳеҷ гоҳ сар намефурорам, агар додгоҳ ин масъаларо набинад, худкушӣ мекунам.»
Заррина Солеҳова, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки Абдураҳмон Давлатовро дар дуздии гов айбдор эълон карда, 4 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст, дар мавриди Саидбек Сафаров, ки Давлатов маҳз ӯро дузди гов мешуморад, мегӯяд, ӯ шахсан худаш 2 бор ташхис гузаронида маълум кардааст, ки Сафаров рӯҳан бемор аст ва қабл аз ин қазия дар қайди маркази бемориҳои рӯҳӣ будааст.
Ҳарчанд дар додгоҳ мегӯянд, Давлатов дар рафти таҳқиқ гуноҳро ба гардан гирифт, худи ӯ изҳор медорад, ки таҳти шиканҷа ин корро кардаст: «Вақте рӯзи аввал баъд аз ин ҳодиса омада маро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд, гуфтам ман бегуноҳам, шоҳид дорам, камераҳора бубинед, исбот кунед, ки ман гунаҳгорам, баъд бареду маҳкам кунед. Задан дар сару рӯям ва маҷбур карданд, ки бигӯям ман гунаҳкорам, ҳамон ҷо бо сими барқ хостам, худкушӣ кунам, аммо милисаҳо имкон надоданд, заданд, афтидам. Хулоса ягон шоҳиду далели моро ба назар нагирифта, ин гуноҳро бар сарам бор карданд.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдураҳмон Давлатов меафзояд, ӯро ба он гунаҳкор мекунанд, ки аз фермаи наздикии хонаашон дар ноҳияи Рӯдакӣ говеро дуздидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Абдураҳмон Давлатов ва наздиконаш, ӯ он рӯз дур аз ин маҳал, дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ қарор дошт. Вале кормандони додгоҳ мегӯянд, бино бар маълумоти пешниҳодкардаи ширкати мобилии Билайн оиди ҷои буду боши муштарӣ, Давлатов рӯзи ҷиноят, дар ҳудуди ноҳия будааст.
Дар ғояти норозигӣ аз ҳукми додгоҳ, Абдураҳмон Давлатов, падари 3 фарзанди ноболиғ, шоми 11 август, дар даст зарфи пластикии бензин ва ариза ба назди қасри раиси ҷумҳур омада, хостааст бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунаду мушкили худро бирасонад. Вай таҳдид кард, ки дар акси ҳол худро оташ хоҳад зад. Баъд аз огоҳ шудан аз ин қасди ӯ посбонон номаи ӯро пазируфта, монеи худсӯзиаш шудаанд. Чизи дигаре, ки ӯро водор ба амал кардааст, ин аст ки дар ҳоли насупурдани 4000 сомонии ҷарима, ҳукми 2 соли зиндон барояш бақо пайдо хоҳад кард. Вай мегӯяд, тавони пардохти ин маблағро надорад ва маҷбур хоҳад буд, ки ду соли умрашро дар маҳбас гузаронад.
Абдураҳмон Давлатов мегӯяд, аз ин пеш ҳам як дафъа хостааст, худро дар назди қасри президент оташ занад, лекин бародараш монеи ӯ шудааст. Вай афзуд, ҳоло ҳам аз ин қасд даст набардоштааст ва ин тӯҳматро таҳаммул надорад ва агар ҳукми ӯ бозбинӣ нашавад, рӯзе даст ба ин амал хоҳад зад. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир шикояти шаҳрвандон аз ҳукми додгоҳҳо рӯ ба афзоиш дорад ва раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ҳушдор дода буд, ки беадолатӣ накунанд ва мардумро ба дод наоранд.