Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: 8 худкушӣ дар як ҳафта


Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.
Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Ниҳодҳои интизомии шаҳри Кӯлоб муддати як ҳафтаи ахир 8 мавриди худкушӣ ё сӯиқасд ба ҷони худ тавассути сокинони ин шаҳрро сабт кардаанд.

Масъулони интизомии шаҳри Кӯлоб рӯзи душанбеи 31-уми март зимни тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки аз 8 нафаре, ки ба ҷони худ сӯиқасд кардааст, 5 нафар мард буда ва се тани дигар зан мебошанд, ки синни онҳо аз 25 то 35 соларо ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Алишер Кабиров, сардухтури беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб зимни сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" иттилоъ дод, ки айни замон дар беморхонаи марказӣ ду тан аз сокинони Кӯлоб, бар асари худсӯзӣ бистарӣ шудаанд. Ҷаноби Кабиров вазъи саломатии ин шаҳрвандонро, ки яке зан ва дигаре мард ҳаст, чандон хуб арзёбӣ намекунад, зеро ба қавли ӯ, бадани ин шаҳрвандон дар натиҷаи худсӯзӣ зиёда аз 90% осеб дидааст. Ба гуфтаи ҷаноби Кабиров, ҳамасола дар ин мавсим шумораи чинин афрод меафзояд ва мутаассифона, аксари онҳо бо сабаби осеби вазнини ҷисмонӣ, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Кабиров мегӯяд: «Аз аввали сол онҳо муваффақ шуданд, ки зиёда аз 6 нафар шаҳрвандонеро, ки бар асари сӯиқасд ба ҷони худ дар беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб бо зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарӣ шудаанд, наҷот диҳанд. Дар ин миён афроде буд, ки худро корд зада буд, аз қувваи барқ зарар дида буд, худро аз бинои баланд ҳаво дода буд ва аз ҷумла худсӯзӣ карда буд. Фикр мекунам, инҷо бояд пеш аз ҳама тарбияро дар хонавода дуруст ба роҳ монанд, зеро на ҳама шаҳрвандони зарардида аз сабаби бемории рӯҳии онҳост.»

Дар ҳамин ҳол ба иттилои як манбаъ, айни замон дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб ҳамчунин як корманди собиқи пулиси шаҳр, ки тайи чанд соли ахир аз бемории рӯҳӣ азият мекашид, пас аз худсӯзӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Субҳи имрӯз бошад як зани дигар худро оташ задаст ва табибон барои наҷот додани ҷони ӯ аз марг мубориза мебаранд. Ҳоло бошад барои муайян намудани сабабҳои оташзанӣ кардани ин зан, корҳои пешакӣ идома дорад ва ин манбаъ аз ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунад.

Зимнан, охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ Олимҷон Назаров як ҷавони 18-сола дар шаҳри Кӯлоб барои ҳамагӣ чанд сомонӣ ва ҳуҷҷати ронандагии бародараш қасди худкушӣ карда, ба синаи худ корд зада буд ва рафиқаш, ки ӯро дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамроҳӣ мекард, Олимҷонро зуд ба беморхона мебаранд ва бо кӯмаки табибон ӯ аз марг наҷот меёбад.

Самандар Абдуллоев, сармутахассиси бахши Кумитаи ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб мегӯяд, онҳо барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ ва ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон барномаи «Рушди иҷтимоии ҷавонон»-ро рӯй даст гирифтаанд: «Мо талош мекунем ҷавононро дастгирӣ карда, миёни онҳо бештар чорабиниҳои фарҳангӣ доир намоем. Аммо сабаби аслии даст ба ҷиноят ё худкушӣ задани ҷавонон ин бемасъулиятии падару модар ва бекории худи онҳост.»

Гуфта мешавад, муноқишаҳои хонаводагӣ, фишори равонӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз омилҳои аслии даст ба худкушӣ задани иддае аз сокинон дар Тоҷикистон унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG