Дар шаш моҳи соли равон 27 модар аз фарзандони худ рӯй гардонда, онҳоро дар хонаҳои кӯдакон ё дар зоишгоҳҳо мондаанд.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 11 июл хабар дод, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст - дар нимсолаи аввали соли гузашта теъдоди ин гуна занҳо 43 нафар буд.
Ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, ин кӯдаконро асосан занҳое ба дунё овардаанд, ки шавҳар надоштаанд. Ба гуфтаи ӯ, аксари онҳоро барои рӯ тофтан ба тифли навзод рӯзгори сангин маҷбур кардааст. Аммо, мегӯяд Шералӣ Раҳматуллоев, ин тифлаконро дар мудати кӯтоҳ хонаводаҳои бефарзанд ба фарзандӣ мехонанд.