Кормандони интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе занеро бо ҷурми куштани фарзандаш дастгир карданд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила рӯзи 30-юми июн хабар дод, ки тахминан соатҳои 13.00 дақиқа, дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Фединаи пойтахт ҷасади Мадина Шарипова, соли таваллудаш 2008-ро пайдо кардаанд, ки сараш аз тан ҷудо будааст. Ба дунбол кормандони полис Зиёдагул Шарипова, модари ин кӯдакро барои содир кардани ин ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд. Мақомот мегӯянд, муайян шудааст, ки Зиёдагул Шариповаи 29-сола тахминан соати 10 Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2,ки дар онҷо таълим мегирифт, бо навиштани забонхат бо худ бурда, бо корд ӯро ба таври ваҳшиёна мекушад. Ба гуфтаи мақомот, сипас Зиёдагул Шарипова ҷасади духтарашро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ фирор мекунад. Аммо то ба ҳол сабаби ба чунин ҷинояти мудҳиш даст задани ин зан шарҳ дода нашудааст. Мақомот мегӯянд, дар мавриди ин куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд ва тафтишот дома дорад.