Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 ва муттаҳами аслӣ дар парвандаи маъюб кардани сарбози ҷавон Шаҳбол Мирзоев гуфт, аз карда пушаймон аст ва аз волидони Шаҳбол узр хост.
Муттаҳами қазияи бадрафторӣ бо аскар Шаҳбол Мирзоев рӯзи чоршанбеи 18 июн дар сухани охирин дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе гуфт, "ман аз кардаам сидқан пушаймонам. Чун ин бо хатогии ман сурат гирифт, аз падару модари Шаҳбол узр мепурсам. Дуо мекунам, ки Шаҳбол ҳар чӣ зудтар шифо ёбад. Иншоллоҳ худамро ислоҳ мекунам. Ҷавонии маро низ ба назар гиред. Падару модари пир дорам. Камтар ҷазои сабуктар медодед."
Усмоналӣ Ғайратов зоҳиран ором буд ва гоҳе лабханд ҳам мезад. Вай худашро гунаҳкор дониста, ба суоли додрас, ки «чӣ ҷазо диҳем?» посух дод: "Инаш дигар дар дасти шумост. Ҳар ҳукмеро, ки дар нисбати ман раво мебинад, дар дасти худи додгоҳ аст."
Гулрафтор Ширинова, яке дигар аз муттаҳамони ин парванда низ бемасъулиятии худро эътироф намуда, гуфт, ҳеҷ интизор надошт, ки кор чунин шакл мегирад. Баъд аз ин баёнияҳои ниҳоӣ додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ба "хонаи машварат" рафт ва қарор аст, панҷшанбеи 19 июн ҳукми худро эълон кунад.
Айдоркунандаи давлатӣ, рӯзи 16 июн барои - гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ бо навсарбоз Шаҳбол Мирзоев 10 соли зиндон талаб карда буд. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин аз додгоҳ тақозо карда буд, ки Усмоналӣ Ғайратовро ба андозаи 300 нишондод ва ё ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ ҷарима кунад.
Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин хост, ҷавобгари дигар -Гулрафтор Ширинова, масъули дорухонаи қисми низомӣ, ки дар шаби маъюб шудани Шаҳбол Мирзоев навбатдор будааст, ба 2 соли кори маҷбурӣ бо мусодираи 15 дарсади маошаш ба фоидаи давлат маҳкум шавад.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз сӯи як ҳамхидматаш маъюб шуд.
Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва дар бемористони вилоятии Суғд бистарист.
Аммо интизор меравад, Нӯъмон Мирзоев писарашро барои идомаи табобат дубора ба Маскав барад. Вай мегӯяд, ҳарчанд вазъи Шаҳбол беҳтар шудааст, бояд муолиҷаро то охир расонд. Падари Шаҳбол аз рафти муҳокима дар додгоҳи низомии Душанбе изҳори қаноатмандӣ кард.