Асадулло, ки ҳар сол ба Русия мардикорӣ мерафт, танҳо ҳоло фаҳмид, ки беҳуда машаққати муҳоҷиратро мекашид, дар ҳоле ки дастаҳои доллар аз пеши хонааш мегузаштанд ва хари ӯ метавонист, ин маблағҳоро барояш биёрад.
Шояд барои ҳамин ҳоло Асадулло Раҳимов, сокини деҳаи Ғуйтани ҷамоати Воруи ноҳияи Панҷакент соҳиби ду хари борбар аст. Вай ин ҷонваронро дар хидмати сайёҳону кӯҳнавардоне мегузорад, ки аз кишварҳои дур ба дидани мавзеъҳои зебои кӯҳистони тоҷик меоянд.
Асадулло мегӯяд, танҳо маркаб метавонад, сайёҳонро ба мавзеъҳое барад, ки беҳтарин мошин ҳам он ҷо рафта наметавонад. Харҳояш ба ӯ кӯмак карданд, ки хонаи нав созад, мошини нав харад ва зиндагии роҳате дошта бошад: «Дигар ба Русия намеравам. Соли гузашта аз ин ҳисоб хонаамро таъмир кардам. Ҳоло маблағи як "Нива"-ро ҷамъоварӣ кардаам. Зиндагӣ аз ин ҳисоб хеле беҳтар шудааст.»
Ҳоло 11 ширкати сайёҳие, ки дар водии Зарафшон кор мекунанд, ҳамагӣ ба хидмати хар эҳтиёҷ доранд. Наздики 500 хари сокинони рустоҳои Панҷакент тибқи иттилои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ин ноҳия барои ба чунин мавзеҳо расонидани сайёҳон хизмат расонида, барои як рӯзи кор то 100 сомонӣ даромад мегиранд. Нархи хар дар бозорҳои ин ҷо низ аз 500 то 2,5 ҳазор сомонӣ боло рафтааст. Дар ҳоле, ки дар дигар манотиқи Тоҷикистон метавон ин навъи чорпоро метавон ба 500 сомонӣ харид.
Нурмуҳаммад Беков, сокини деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент аз он нафаронест, ки барои ширкатҳои сайёҳӣ харҳои кирояи сокинонро ҷамъ меоварад. Ӯ рӯйхати сокинонеро дар даст дорад, ки харҳои хуби боркаш доранд. Ин мард мегӯяд, ширкатҳои сайёҳӣ барояш занг мезананд, ки ду рӯз баъд чанд сайёҳ барои тамошо кӯҳҳои Фон мераванд ва чанд адад хар даркор аст. Ӯ мегӯяд, бо фармоиши ширкатҳо то замони расидани сайёҳон харҳоро омода мекунанд:
«Чанд рӯзе, ки сафар давом кунад, харҳо бо соҳибонашон ин сайёҳонро ҳамроҳӣ мекунанд. Бархе сайёҳон танҳо бору ҷойхобашонро бор мекунанд ва баъзеи дигар харҳоро савор мешаванд.»
Соҳибони хар дар Панҷакент инчунин вазифаи раҳбаладро низ иҷро мекунанд ва дар насби хаймаҳои сайёҳон кӯмак мекунанд. Руслан Ҳамроқулов, намояндаи ширкати «Orient Adventure», ки ҳамасола аз хизматрасонии ҳудуди 200 хар истифода мекунанд, мегӯяд, сафари сайёҳон бо хар аз 3 то даҳ рӯзро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, сайёҳон аз ин навъи хизматрасонӣ хеле хушҳоланд.
«Мо ҳар сол бо 20 то 30 соҳиби хар шартнома мебандем. Аксари сайёҳҳо, масалан фаронсавиҳо пиёда роҳ мераванд, вале ҳатман бору хаймаҳояшонро бо хар бор мекунанд. То 6 соат дар як рӯз онҳо ҳаракат мекунанд. Мо барнома дорем ва қабл аз сафар ҳам онҳо бо ин барнома шинос мешаванд. Аз хизмати харҳо ҳам соҳибони хар, туристон ва ҳам мо манфиат мебинем.»
Авҷи сафари ҷаҳонгардонр ба водии Зарафшон, шимоли Тоҷикистон аз охирҳои моҳи апрел шурӯъ шуда, то моҳи ноябр давом мекунад.
Искандаршоҳ Шодмонов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳукумати шаҳри Панҷакент мегӯяд, садҳо мавзеи дидание дар Панҷакент вуҷуд дорад, ки харита шудаанд ва сайёҳон тибқи хоҳиши худ онро интихоб мекунанд. Ӯ мегӯяд: «То ҷое, ки нақлиёт ҳаракат мекунад, бо нақлиёт бурда мешаванд. Аз он ҷо, аслан дар мавзеҳои кӯҳӣ тариқи хар ҳаракат мекунанд.»
Мавзеи шаҳри куҳани Саразм, Панҷаканди қадима, Ҳафткӯл, Арчамайдон, баландиҳои кӯҳи Фон, Искандаркӯл, Яғноб аз мавзеҳои дидании водии Зарафшонанд, ки ҳамасола ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба ин минтақа ҷалб мекунанд. Соли гузашта ба водии Зарафшон аз 32 давлати дунё ҳудуди даҳ ҳазор сайёҳ ворид шудааст.