Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пистамазор дар интизори исёни арӯсон


Занони деҳаи Пистамазори Кӯлоб наметавонанд ба осонӣ барои фарзандони худ арӯс пайдо кунанд.

Барои аксар ҷавонони ин деҳа солҳои тӯлонӣ лозим аст, то барои худ ҳамсаре пайдо кунанд.

Қурбон, ҷавоне аз деҳаи Пистамазори ҷамоати Зиракии ноҳияи Кӯлоб пас аз 6 соли ҷустуҷӯ дар сини 28 солагӣ дар ниҳоят барои худ арус пайдо кард. Ин ҷавон, ки бо бародарони худ барои бунёди хона лойдевор мекард, ҳангоми сӯҳбат ба мо гуфт, пайдо кардани арус барояш ба осонӣ даст надодааст. Духтаре аз деҳи ҳамсоя ба шарте бо ӯ издивоҷ кардааст, ки дар солҳои наздик ҳамроҳаш ба шаҳр мекӯчад.

Қурбон, як ҷавони сокини деҳаи Пистамазор
Қурбон, як ҷавони сокини деҳаи Пистамазор
Ӯ гуфт: «Кам духтар аст, ки барои ба шавҳар баромадан дар деҳи мо розӣ шавад. Мо ҳам ваъда додем, ки як ду сол хизмати падару модарро мекунем, ба шаҳр меравем. Духтардор розӣ шуд ва ҳоло шукри Худо соҳиби зан шудаам.»

Ин деҳа оби нӯшокӣ надорад ва маҳз мушкили обкашонӣ духтаронро аз шавҳар кардан бо ҷавонписарони ин деҳа мегурезонад.

Ҳоло аз рӯзе, ки ҳамсари Қурбон арӯси ин деҳ шудааст, вазифаи аслиаш бо хар кашонидани об аст ва ин мушкилро ба умеде, ки рӯзе ба шаҳр мераванд, таҳаммул мекунад. Замоне, ки мо бо Қурбон сӯҳбат мекардем, ҳамсараш обкашонӣ мерафт. Чашмаҳои ин деҳ даҳ сол пеш хушк шудааст ва сокинон аз як чашмае, ки як километр дур ва дар чуқурие дар поёни деҳ ҷойгир аст, бо хар об мекашонанд.

Ҳусайн Қудратов, падари Қурбон мегӯяд, оби ин чашма танҳо барои нӯшидан аст ва дигар корҳои ободкориро онҳо бо оби борон анҷом медиҳанд: «Ҳама дар гармӣ хона месозад, вале мо дар хунукиҳо. Кӯшиш мекунем, ки лойкориро дар боронгариҳову хунукӣ бо оби борон девор кунем, вагарна ҳеҷ ободкорӣ дар тобистон карда намешавад. Ин об ҳатто ба нӯшидан намерасад.»

«Келинҳоям гурехтанд»

Зоҳиран дар ин деҳ ҷавонҳо танҳо бо ваъдае, ки давоми ду ё се сол аз ин ҷо кӯч мебанаданд, имкони издивоҷ бо духтари деҳи худ ё деҳи ҳамсояро пайдо мекунанд. Арӯсон ҳам талош мекунанд, то зудтар шавҳарони худро ба тарки деҳа моил кунанд.

Сарварбӣ, зани миёнасоли ин деҳа мегӯяд, ба сахтӣ барои чаҳор писараш арӯс овард, вале се келинаш аз деҳа «гурехтанд»: «Ҳамин як келинам мондааст, ҳар рӯз нияти бо шавҳараш рафтан дорад. Ба зӯр ӯро боздоштаам, то кӯмакам кунад. Се келини дигарам бо писаронам аз ин азоб гурехта ба Душанбеву Хуҷанд рафтанд. Дар ин азоб истодан намехоҳанд, лекин мо аз пичаи модар ва риши падарамон шарм дошта истодаем. Ҳар чи набошад, ватан аст.»

Як арӯси ин деҳа, ки номашро нагуфт, изҳор дошт, ки воқеан, шароити зист дар ин деҳ бинобар набудани об сангин аст ва онҳо намехоҳанд дар оянда фарзандонашон азоб бикашанд

55 келин мондааст ва агар исён кунанд…

Бобои Гадомад
Бобои Гадомад
Дар ин деҳа, ки наздики беш аз сад хонавода зиндагӣ мекунад, ҳама шумораи келинҳоро азёд медонанд. Хавфи аслии бузургсолон ин аст, ки рӯзе писаронашон ҳамроҳ бо ҳамсарон аз деҳ мераванд ва онҳо танҳо мемонанд. Пирамарде, ки худро Бобои Гадомад муаррифӣ кард, гуфт:

«Дар ин қишлоқ, ки ҳазор нафар зиёд зиндагӣ мекунад, 55 келин мондааст. Хостгорӣ равем, метарсем, ки гӯем, ки аз Пистамазорем, зеро мегӯянд, ки ҳамон хоктудаи беоб аз худатон. Агар ҳамин келинҳои боқӣ монда исён кунанду бо фарзандонамон раванд, намедонам, чи мекунем. Ин деҳа 30 оила дошт, ки оби кам мерасонд. Он замони Шӯравӣ ферма буд ва ба хотири говҳо бо насос мардум ба об таъмин буд. Ҳоло, ки шӯравию гов нест, мо беобем»

"Бо оби борон таҳорат ва шустушӯ мекунем"

Аз чашмаи хӯрде, ки дар поёни деҳ ҷойгир аст, ба ҳар кас муяссар намешавад, то зуд об бигирад. Оби ин чашма хеле кам ҷорӣ мешавад. Дар ҳар хона ҳар рӯз як нафар навбатдор, яъне масъули кашонидани об аст. Ин навбатдорӣ ҷиддӣ аст ва сар аз арӯсони хона, то кӯдакону бузургсолони деҳ, ба ҷуз занҳое, ки кӯдаки хурд доранд, бояд онро иҷро кунанд.

Ғунчагул Абдулҳаева, сокини ин деҳа мегӯяд: «Як одам вобастааст ва бояд дар як рӯз бояд як ё ду бор об биёрад. Ба панҷоҳ хар кай навбат мерасад, маълум нест. Кутал аст, ҷои об, фақат хавотирем. Кӯдакон барои об мераванд, то бармегарданд, ки мо сад фикр мекунем. Барои об ҳар рӯз навбату ҷанг аст. Ин об боз дар тобистон боз ҳам камтар мешавад.»

Дар зимистон сокинони ин деҳа бо оби барфу борон бештари корҳояшонро анҷом медиҳанд. Аммо дар тобистон шабонарӯзӣ метавон сокинони деҳаи Пистамазорро дар интизори об дид.

Қувваталӣ, сокини дигари ин деҳа мегӯяд: «Кадом вақти шабонарӯз равӣ, он ҷо одам дар навбат аст. Соати ду ё сеи шаб ҳам. Баъзеҳо бушкаи бузург доранд ва ҳавз кардаанду оби борон захира мекунанд. Мардум бо оби борон бисёр корҳояшро мекунад. Ҳатто бо оби борон таҳорату шустушӯ мекунем.»

Шукрона, духтараки 8 сола мегӯяд, аз обкашӣ хаста шудааст ва мехоҳад, зудтар бузург шуда, барои таҳсил ба шаҳр равад: «Мехоҳам муаллима шавам, аммо дар Кӯлоб. Агар дар деҳа об кашанд, бад хабаргирӣ меоям, накашанд, ба падарам мегӯям, ки Кӯлоб бикӯчад.»

Афзалов ваъда дод. Хостгорӣ меравем

Сокинони ин деҳа барои кашонидани хати оби нӯшокӣ ба қавле ба сад ҷо мактуб кардаанд. Мушикли беобии сокинони ин деҳа ахиран аз ҷониби сокинони деҳаи Пистамазор дар вохӯрии Ғайбулло Афзалов, раиси вилоят бо сокинони Кӯлоб низ садо дод.

Сокинони ин деҳа бо ибтикори худ 60 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва танҳо аз ҳукумати маҳаллӣ хоҳиш доранд, то ба онҳо кӯмаки техникӣ расонанд.
Раиси вилоят дар посух ба суоли вакили ин деҳа гуфт, ин мушкилро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд: «Мо мутахассисонро равон мекунем ва ин мушкилиро бубинанд. Ҳатман кӯшиш мекунем, то оби нӯшидани дастрасӣ пайдо кунед.»

Сокинон мегӯянд, ҳоло фасли баҳор аст ва бояд фарзандонашонро хонадор кунанд. Аз ин ба баъд онҳо ба ҳар хонае, ки хостгорӣ мераванд, ин ваъдаи Ғайбулло Афзалов, раиси вилоятро ҳамчун далели ояндаи хуб доштани деҳаашон пеш мегузоранд. Духтардорон то кадом андоза ба ваъдаи Афзалов бовар мекунанд, номаълум аст, аммо сокинони деҳа ба ваъдаи раиси вилоят ҷиҳати таъмини деҳ бо оби нӯшокӣ сахт бовар кардаанд.

Мардуми ин деҳа 60 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ кардаанд ва мехоҳанд, ҳукумати маҳаллӣ барояшон кӯмаки техникӣ расонад. Деҳаи Пистамазор, ки шомили ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб аст, аз маркази ин шаҳр 40 километр дур ва аз сатҳи баҳр дар баландии 1400 метр ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG