Музокираи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла масъалаи ҳуқуқи занон, кӯдакон ва озодии сухан дар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ҳоло идома дорад.
Иштван Нитраӣ - мудири бахши сиёсат ва иттилооти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, ки имрӯз 17--уми июн гурӯрҳи намояндагони масоили ҳуқуқи башари Иттиҳод Аврупо бо мақмомоти Тоҷикистон музокираи даври 5-ум оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд.
Вай афзуд, дар ин музокира маҷмуан 10 бахш оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи ҳуқуқи занон, кӯдакон, озодии сухан вамасоили дигари ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд. Нитраӣ афзуд, ки дар назар аст дар поёни мулоқот як баёнияи матуботӣ низ интишор дода шавад.
Дар ин музокира ҳайати ҷониби Тоҷикистон, таҳти раёсати Музаффар Ашӯров, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқ ва Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик низ дар ин музокира ҳузур доранд.