Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ҳафтаи оянда бо сафари расмии ду рӯза ба Тоҷикистон меояд.
Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қарор аст сафари расмии Навоз Шариф, сарвазири Покистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 17 ва 18 июн сурат бигирад.
Тибқи барномаи сафар, интизор меравад, Навоз Шариф, нахуствазири Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмии ин кишвар дидору гуфтугӯ кунанд.
Густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, бахусус иҷрои тарҳи КАСА - 1000 ва ҳамчунин масоили таъмини суботу амният дар минтақа дар меҳвари дидору гуфтугӯҳои Навоз Шариф бо мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд.