Кормандони мақомоти корҳои дохила як сокини 25-солаи ноҳияи Ҳисор, 25 километрии ғарби Душанберо бо гумони фурӯши наворҳои порнографие, ки худаш ҳангоми алоқаи ҷинсӣ сабт кардааст, боздошт карданд.
Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 9-уми июн гуфтанд, ки кормандони умури дохилаи ноҳияи Ҳисор рӯзи 8-уми июн сокини ин ноҳия Ҷамшед Мирзоевро боздошт кардаанд, ки худ лаҳзаҳои алоқаи ҷинсӣ бо як занро ба навори видеӣ гирифта дар шакли фитта ба дигарон мефӯрухтааст. Тавре Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, беш аз як сол аст, ки Ҷамшед Мирзоев бо як зани 45-сола сокин ҳамин ноҳия робитаи шаҳвонӣ додаст. Аммо номи ин зан ба хотири ҳифзи шаъну эътибораш оварда намешавад.
Феълан кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Ҳисор Ҷамшед Мирзоевро дастгир намуда фиттаҳои порногарфии ӯро, яъне лаҳзаҳои «хобу хез» бо ин занро ҳамчун далели шайъӣ мусоидара намуда нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дар як ҷаласаи ин ниҳод аз зиёд шудани ҷиноятҳои хусусияти шаҳвонидошта изҳори нигаронӣ карда хостори тақвият додани мубориза зидди чунин ҷиноятҳо шудааст.