Чанд дурӯғи пропагандаи Русия

Ин акси гӯё чархболи артиши Украина дар асл дар кишвари африқоии Кот д'Ивуар бардошта шудааст.

ТВ Русия ба хотири пур аз сайёҳ нишон додани соҳилҳои Қрим навори соли 2011-ро истифода бурдааст.

Ин акс дар асл акси садамаи як қатори роҳи оҳан дар Канада аст, ки соли 2013 рух дода буд.

Ин марде ки гӯё нирӯҳои Горди миллии Украина дар канори Донетск куштаанд, дар асл дар соли 2012 дар Ҷумҳурии Кабардаву Балқари Русия аз сӯи амниятиҳои рус кушта шудааст.

Ин ҳавопаймои бесарнишинро дар Қаробоғ суқут додаанд, на дар Украина.

Акси ин зане, ки дар кӯлмаки хун хобида аст, дар Венесуэла гирифта шудааст, на дар Украина.

Шабакаи НТВ хабар дод, ки дар Рум, пойтахти Итолиё чандсад тарафдори Русия алайҳи инъикоси нодурусти рӯйдодҳои Украина дар матбуоти Аврупо тазоҳурот кардаанд. Вале маълум шуд, ки ин донишҷӯён алайҳи коҳиши барномаҳои ёриҳои иҷтимоӣ эътироз доранд.

Хабарнигори телевизиони LifeNews дар Twitter акси кӯдаки 8-солаеро гузошт, ки гӯё дар фурудгоҳи Донетск тир хӯрдааст. Аммо ин акс ҳанӯз дар апрели соли 2013 дар Сурия гирифта шудааст.

Акси рӯйдодҳои 25 сол пеши Чинро низ ҳамчун саҳнаи ҷангҳои имрӯзаи Украина нишон медиҳанд.

Дар гурӯҳи "Россия Великая держава"  навиштаанд, ки дар Украина  як кӯдакро сар задаанд. Вале ин акс дар асл аз Арабистони Саудист.