Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои қабл аз мӯҳлати нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмат дар артиши кишвар хабар дод.
Масъулони вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои қабл аз мӯҳлати нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмат дар Артиши кишвар хабар доданд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи шанбеи 24-уми май зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар даъвати навбатӣ аввалин шуда, вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳориро иҷро кард, ки пас аз он вилояти Бадахшон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумиҳурӣ ва охирон вилояти Суғд қабл аз мӯҳлат фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистонро иҷро карданд."
Ба таъкиди ҷаноби Маҳмадалиев, дар асоси фармони раиси ҷумҳур, ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо масъулияти ҷалби ҷавонон ба нирӯҳои мусаллаҳи кишварро доштанд ва кори хуби ниҳодҳои марбута, бахусус комисариятҳои низомӣ барои иҷрои нақшаи давъати баҳорӣ муассир будааст.
Он гуна, ки ҷаноби Маҳмадалиев афзуд, "пас аз поёни давъати баҳорӣ, таҳлилу баррасиҳо сурат мегирад, аммо таҳлилҳои муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки 90 дарсади ҷавонони синни давъат дар нахустин рӯзҳои давъат ба комиссариятҳои низомӣ ҳозир шуда ва сафи довталабон низ дар ин раванд кам набудааст.
Вазорати дифои Тоҷикистон дар ҳоле, аз иҷро шудани қабл аз мӯҳлати нақшаи даъвати базорӣ барои хизмат дар артиши кишвар хабар медиҳад, ки мувофиқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин раванад аз 1 апрел оғоз шуда буд ва қарор буд, то 31-уми май поён ёбад.
Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, дар муддати ҳудуди ду моҳ ҷавонони 18 то 27-сола ба сафи артиши Тоҷикистон даъват шудаанд.
Ба иттилои сухангӯи вазорати дифоъ, ҳоло дар кишвар 700 ҳазор ҷавононони синни даъватӣ барои хизмат дар артиш ҳастанд, ки 150 ҳазори онҳо, ба далоли мухталиф аз имтиёзи озод будан аз хизмат бархурдоранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамасола беш аз 15 ҳазор ба сафи артиши Тоҷикистон шомил мешаванд.
Аммо иҷрои нақшаи қабл аз муҳлати давъати баҳорӣ барои хизмат дар артиш дар ҳолест, ки хабарҳо дар ин муддат аз мавориди ҷалби ҷавонон тариқи «облава» ё маҷбурӣ нашр гардид ва ҳатто ин шева паёмадҳои номатлуберо дар пай дошт.
Бо вуҷуди дастури раиси ҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон, ки қабл аз шурӯъи даъват ба сафи артиши миллӣ гуфта буд, ҷалби ҷавнонро ба хизмат аз тариқи маҷбурӣ кор нагиранд, аммо сару садоҳо буданд, ки аз «облава» шудани ҷавонон хабар медод.