Садри аъзами собиқи Олмон Герҳард Шредёр аз мулоқоташ бо президенти Русия Владимир Путин, ки мавриди интиқоди зиёд шудааст, ҳимоят кард ва гуфт, ки ин музокирот ба озодшавии нозирони САҲА, ки дар шарқи Украина боздошта шуда буданд, мусоидат кард. Шрёдер, ки соли 2005 аз мақомаш рафтааст, бо Путин равобити деринаи дӯстона дорад ва ҳоло раҳбарии консорсиуми газро бо исми “Nord Stream” ба ӯҳда дорад. Рӯзҳое, ки нозирони олмонии низомии САҲА дар Украина аз ҷониби ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар гаравгон буданд, акси оғӯшкашииШрёдеру Путин дар базми 70-солагии таваллудаш рӯзи 28 апрел мавриди интиқод қарор гирифт. Шрёдер ба нашрияи олмонии "Welt am Sonntag" рӯзи 11 май гуфт, ки аз Путин дархост кард, ки нозирони боздоштшуда озод шаванд ва баъди ин рӯзи 3 май онҳо ба озодӣ баромаданд.