Ҷудоиталабон дар шарқи Украина иддао доранд, ки наздик ба 90 дар сади раъйдиҳандагон дар як овоздиҳии баҳсбарангезе тарафдори мухторияти минтақаашон аз Киев шудаанд. Ин овоздиҳиро Киев ва Ғарб ғайриқонунӣ унвон кардаанд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки натиҷаҳои раъйдиҳиро чун ҳосили “иродаи мардум” эътироф мекунанд. Фаъолони русгаро дар Донетск гуфтанд, ки аз 75 дар сади ширкатдорони раъйдиҳӣ, 89,7 дар сад ба саволи марбут ба худгардонии минтақа посухи мусбат додаанд. Натиҷаҳои пешакӣ ду соат баъди анҷоми овоздиҳӣ пахш шуд. Донетск, ки аз ду минтақаи ҷудоихоҳи шарқи Украина азимтарин ба шумор меравад, рӯзи 11 май як раъйдиҳии баҳсбарангезеро бо талаби мухторият аз ҳукумати Киевро баргузор кард. Овоздиҳии дигари ҷудоиталабон рӯзи якшанбе дар Луҳанск барпо шуд ва ба иддаои мақомот, бо 96 дар сад тарафдорӣ аз мухторият анҷомид. Ин раъйдиҳӣ бидуни ҳузури нозирони байналмилалӣ баргузор шуд.