Вазири собиқи хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, дар китоби тозанашри худ масъалаи баҳсбарангези заминеро, ки ба Чин дода шуд, ба риштаи таҳлил кашидааст.
Тавре Оҷонсии иттилоотии миллии «Ховар» рӯзи 7-уми май навиштааст, номи китоб «Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ» буда, дар он ҳамчунин Аҳмадҷон Сатторов ҳаммуаллиф аст ва зери таҳрири академик Талбак Назаров дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромадааст.
«Ховар» навиштааст, ки китоби мазкур «ба муайянсозии хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Чин дар қисмати мушкилгузари ҷониби шарқии кӯҳҳои Помир дар баландии аз 4100 то 6700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгирбуда бахшида шудааст. Аз ҷумла, дар рисола ба вохӯриҳои чандинкаратаи ҳайатҳо, гурӯҳҳои корӣ, мулоқотҳои сатҳи олӣ бо мақсади ҳалли масоили сарҳадӣ бо Чин ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дода шудааст.»
Ҳамрохон Зарифӣ ба ин оҷонсӣ гуфтааст, ки дар ин китоб маводи зиёди «воқеии тасдиқкунанда оид ба масъалаи мазкур ҷой дода шудааст, ки Тоҷикистон мушкилоти марзии бо кишвари ҳамсоя чандин аср мавҷудбударо судмандона ва созанда ҳал карда, манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷониби шарқии марзи худро таъмин намудааст.»
Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон 12 январи соли 2011 бо аксарияти орои намояндагони порлумон санади додани як қисми замини Тоҷикистонро ба Чин тасвиб кард. Санадаи мазкур 27 апрели соли 2010 дар шаҳри Пекини Чин аз ҷониби вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Чин имзо шуда буд. Аммо маросими вогузори ин “замини даъвоӣ” рӯзи 20-уми сентябри соли 2011 иттифоқ уфтода буд.
Баъзе аз сиёсатшиносони ҳукумати Тоҷикистон ба Чин додани 1142 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистонро бо дар назардошти онки Чин аз ин бештар замин мехост «ғалабаи дипломатӣ» унвон карда буданд. Аммо ин амал ба интиқоди шадидид ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони алҳида рӯ ба рӯ шуд.
Мунтақидони давлат дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ин кор бар хилофи Қонуни асосӣ сурат гирифтааст, ки ба сароҳат таъкид мекунад, ки тайиғири ҳудуди ВМБК бе ризояти ин вилоят ва ё бе ҳамапурсии умумӣ манъ аст. Аммо мақомот дар додани замин ба Чин баргузории раъйгирии умумӣ ва ё ҳам гирифтани мувофиқаи расмии Бадахшонро зарур нашумурданд.