Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳ, ки рӯзи 7-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи сармоягузорӣ баррасӣ шудааст. Тавре аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шудааст. Доир ба татбиқи амалии санадҳои зиёди ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг, гуфтугӯ сурат гирифтааст. Суҷатҳа Сингҳ гуфтааст, Ҳиндустон омода аст, ки минбаъд низ дар татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва зербинои нақлиётӣ саҳми намоён дошта бошад.