Маҷлиси Намояндагон рӯзи 24-уми апрел ду пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои ислоҳи Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ қабул ва 9 банди дигари ин тарҳро рад кард.
Аз ин ба баъд натиҷаҳои интихобот дар протоколҳои ниҳоӣ бо худкори ранга навишта мешаванд ва номзадҳое, ки 10 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд, гаравпулии худро пас мегиранд. Узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дареғ мехӯрад, ки вакилон пешниҳодҳои, ба гуфтаи ӯ, асосиро, напазируфтанд. Ҳизби мазкур хоста буд, ки ширкати муҳоҷирон дар интихобот рӯшан ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати марказҳои раъй шомил шаванд.
Ҷаноби Кабирӣ афзуд, ин ҳам дар ҳоле, ки қабули яке аз ин пешниҳодҳо метавонист, тазоди байни қонуни мавриди баҳс ва Сарқонуни кишварро ҳал кунад: «Моддаи 4-уми Қонуни амалкунанда барои шаҳрвандоне, ки муддати 5 сол берун аз Тоҷикистон ба сар бурдаанд, маҳудудият гузоштааст, ки онҳо наметавонанд ҳамчун номзад дар интихобот ширкат кунанд. Аз нигоҳи мо ҳамчун мулаллифони лоиҳа, ин меъёр ба Сарқонуни кишвар мухолифат дорад, зеро моддаи 27-и Сарқонун ба ҳамаи шаҳрвандон ҳаққи интихоб шудан ва интихоб карданро додааст.»
Ба бовари ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ин банди қонун ҳуқуқи конститутсионӣ ба камияш зиёда аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистонро рад мекунад, ки заҳмати онҳо дар Русия рӯзгори аҳолӣ ва иқтисоди кишварро мечархонад.
Аммо Галия Рабиева, вакил аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, мегӯяд, ин банди қонун ба таҳрир ниёз надорад, зеро афроде, ки 5 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ накардаанд, наметавонанд аз вазъи кишвар огаҳ бошанд ва барномаи дурусти пешазинтихоботӣ таҳия кунанд.
Дар мавриди рад шудани пешниҳоди дигари ҲНИТ, хонуми Рабиева мегӯяд: «Шумораи нозирони миллӣ дар таҷриба аз 20 ҳазор зиёда буда, додани нусхаи протокол ба ҳар ки онҳо ғайриимкон мебошад, зеро хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Ҳамчунин пешниҳоди шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба марказҳои раъй дастгирӣ наёфт, зеро ҳуқуқҳои ҳизбҳо дар қонуни марбута муайян шудаанд ва дигар ин ки комиссияи номбурда аз тарафи Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди президент таъсис дода мешавад.»
Ва ҳамчунин хонуми Рабиева меафзояд, ҳузури намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар марказҳои раъй нобаробариеро дар қиёс бо аҳзоби дигаре, ки намояндаи камтар доранд, ба миён меорад.
Аммо Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунист, чунин иддаои Галия Рабиеваро ғайри қобили донист: «Ҳизбе, ки ду-се сол пеш таъсис ёфтааст ва ҳанӯз дар тамоми минтақаи Тоҷикистон нагаштааст ва ҳизби мо ки 90 сол умр дорад ва дар ҳама минтақаҳо ҳизб дорад, чаро мо бояд интизор бошем, ки кай ин чанд ҳизбаки навтаъсиси бечора дар ҳама ҷо аъзо пайдо кунанд ва баъд дар ҳузури ҳама мо метавонем намояндагӣ дошта бошем. Дар ягон давлати дунё чунин нест. Ин бисёр муҳим аст ва ҳизби сиёсӣ бояд бурд ва бохташро худ эътироф кунад.»
Бо он, ки Шодӣ Шабдолов ва Муҳиддин Кабирӣ зимни ин иҷлосия ба такрор дар назар гирифтани тавсияҳои Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупоро ба хотири интихоботи шаффофу демократӣ таъкид карданд, бино бар хабари бархе аз расонаҳо, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон гуфтааст, набояд ба ин созмон умеди зиёд баст, зеро “дар куҷое, ки дасти онҳо буд, дар он, ҷо ҳеҷ вақт на тинҷӣ, на оромӣ буд ва на демократия.”
Ҷаноби Зуҳуров илова кард, ки дар ин маврид бояд вижагиҳои миллӣ, мафкура, шароит ва таърихи ҳар минтақа ба назар гирифта шавад. Аммо, ба назар мерасад, порлумон бо назардошти тавияҳои САҲА ва интиқоди ахири раҳбарияти он ба чунин гузаште маҷбур шуд ва ду пешниҳоди як ҳизби мухолифро пазируфт, зеро ба гуфтаи узви маҷлис ва яке аз муаллифони тарҳ, Сайидумар Ҳусайнӣ, дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон чаҳор кумита тамоми лоиҳаро ба таври комил рад карда буданд.
Дар ҳамин ҳол Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақили масоили интихоботӣ бо вуҷуди он, ки қабули ин ду пешниҳодро қадаме ба пеш медонад, аммо мегӯяд, бо худкори ранга пур кардани протоколҳои интихобот наметавонад роҳи тақаллуб ва тахаллуфотро ба ҳангоми баршумории овозҳо бигирад: «То он даме, ки дар участкаҳои интихоботӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухталиф ба ҳайси аъзои комиссия нестанд ва то он вақте ки шаффофият дар ҳисоби овозҳо нест, бо кадом ранге ки пур накунед аҳмият надорад. Чун тақаллуб дар на дар худи участкаҳои интихоботӣ, балки ба ҳангоми баршумории овозҳо сурат мегирад.»
Зимнан се моҳ қабл, порлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонии ин кишварро, ки аз ҷониби Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумон, ки аъзои ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон аст, пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонид.
Хамакунун порлумон тарҳи дигареро, ки низ барои ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ҳизби кумунист омода шудааст, баррасӣ мекунад.