Қаблан порлумони Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодии иддае аз вакилони ҳизби ҳокими халқии демкоратии Тоҷикистонро қабул карда буд ва нозирони умур мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба он ки аксари кулли вакилони порлумони Тоҷикистон аъзои ҳизби ҳоким ҳастанд, лоиҳаи пешниҳодии коммунистҳо ва ҳар лоиҳаи дигар қабул нахоҳад шуд.
Лоиҳаи пешниҳодии коммунистон дар робита ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонун дар бораи интихоботи порлумон дуруст пас аз се ҳафтаи қабули тарҳи пешниҳодии вакилони ҳизби ҳокими халқии демократии ин кишвар матраҳ шуд. Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, раҳбарони ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакилони порлумон аз ин ҳизб муаллифони ин лоиҳаи пешниҳодӣ буда, ҳадаф аз ин иқдомро "фароҳам кардани шароит барои баргузории интихоботи демократӣ ва озоду шафоф дар Тоҷикистон" медонанд. Ин аст, ки ҷаноби Шабдолов рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар интихоботи шафоф хоҳанд, лоиҳаи пешниҳодии мо бояд қабул гардад. Ин меъёрҳо дар таҷрибаи қонунгузории кишварҳои пешрафтаи Аврупо, аз ҷумла Олмон ҳаст ва мо қонуни Тоҷикистонро мутобиқ ба мавозини байналмилалӣ мекунем."
Ба ин тартиб моҳияти аслии лоиҳаи пешниҳодии коммунистон аз се нуктаи асосӣ ва он ҳам "комилан бекор кардани гаравпулии интихоботӣ, ҳатман шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар участкаҳо ё марказҳои раъй ва ба ғайриҳизбиён низ фароҳам кардани имкони ширкат дар интихобот" аст. Ин ҳам дар ҳолест ки тибқи пешниҳодоти ахир, порлумони Тоҷикистон ҳаҷми гаравпулиро аз 8 ҳазор ба 4 ҳазор сомонӣ ё муодили 800 доллари амрикоӣ расонид. Аммо бо ин ҳам коммунистон муътақиданд, ки омӯзгорону духтурон тавони пардохти ин миқдор маблағро надоранд.
Исмоил Талбаков, яке аз муаллифони тарҳи пешниҳодии коммунистон мегӯяд, "мутахасисон ба мисли омӯзгорону духтурҳо ва муҳандисоне, ки маоши кам мегиранд, ҳатто 4 ҳазор сомонии гаравпулиро пардохта наметавонанд. Барои чор ҳазор кор кардани муаллим, вай маҷбур аст, ки як сола маошро биораду гаравпулӣ диҳад."
Нуктаи дигаре ки коммунистон маҳаки ислоҳот ба қонуни интихоботи порлумонӣ
мепиндоранд, шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати участкаҳо ё марказҳои раъй аст, ки дар тарҳи пешниҳодии ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ба порлумон низ аз ислоҳоти умда маҳсуб мешавад. Лоиҳаи пешниҳодии ҲНИТ ду моҳи пеш дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардида ва барои баррасии дубора ба кумитаҳои порлумон ва ҳукумат ироа шудааст. Масъулони ҳизби коммунист, сабаби муштарак пешниҳод накардани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи порлумониро ба тафовути барномаҳои қаблазинтихоботии ин ҳизбҳо марбут медонанд. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, дар масъалаи рафъи мавонеъ ва маҳдудиятҳои интихоботӣ онҳо мавзеи муштарак доранд.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки тарҳҳои алтернативии ислоҳот ба қонуни интихоботи порлумонӣ аз сӯи вакилони коммунист ва наҳзати исломӣ мавриди қабули Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон мегардад. Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфт, ин амр ба иродаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раҳбари ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст, бастагӣ дорад, "кадом ҳидояте, ки раҳбари ҳизби халқии демократӣ, ки прездент аст, диҳад, вакилон ба ҳамон ҳидоят амал мекунанд. Агар гӯяд, ки қабул кунед, инҳо сад андар сад қабул мекунанд, Агар гӯяд, ки рад кунед, инҳо сад андар сад рад мекунанд. Ин аз рӯи таҷрибае, чандсола аст."
Аммо масъулони ҲНИТ умедворанд, ки ин даъфа лоиҳаи пешниҳодии онҳо ҳадди аққал то иҷлосияи порлумон хоҳад рафт. Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон низ мегӯяд, ки қабул шудан ё нашудани лоиҳаи пешниҳодии онҳо боз ҳам бастагӣ ба вакилони порлумон дорад, "агар ба иҷлосия, ки расид, дигар ба ихтиёри вакилон аст, тарафдор овоз медиҳанд ё зид овоз медиҳанд, кори онҳост."
Ин ҳам дар ҳоле, ки аҳзоби мухолиф ба сиёсати давлат қабл аз интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ва президентӣ низ лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои интихоботро пешниҳод карда буданд, аммо аз сӯи порлумон рад гардидаанд. Ҳатто ҳудуди яку ним сол пеш аз интихоботи моҳи февралии соли 2010 гурӯҳи корӣ бо шумули намояндагони Комиссиюни марказии интихобот, аҳзоби сиёсӣ, коршиносон ва мутаххасисони созмонҳои байналмилалӣ, назири САҲУ барои ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ таъсис шуд ва лоиҳаи пешниҳодии ин гурӯҳ ба порлумон ироа гардид, аммо боз ҳам аз сӯи вакилон қабул нагардид.
Ҳамакнун то интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 камтар аз як соли дигар мондааст ва вақте, ки дасти вакилони аҳзоби мухолиф барои дигар кардани қонуни интихобот, кутаҳ аст, оё имкони дигаре вуҷуд дорад, ки таҳаввулоте дар қонунгузорӣ пеш ояд ва интихобот шафофу демократӣ барпо шаванд?
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ин гуна имконият вуҷуд дорад, аммо хеле маҳдуд аст: "Ин ба ҳукумат вобаста аст, чун ҳукумат пеш аз ҳама ба вокуниш ва мавқеи ҷомеаи байналмилалӣ, ба хусус созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири СММ, САҲА ва дигар нигоҳ мекунад. Чун пеш аз ҳама аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ фишоре ба вуҷуд ояд, ҳукумат низ мебинад назаррас аст, онро қабул хоҳад кард."
Ин сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, пазируфта шудани тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон омили боло рафтани имиҷи сиёссии ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ аст. Аммо нозирони умур мегӯянд, ки бо вуҷуди интиқодоти созмонҳои байналмилалӣ аз баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон ва тавсияҳои онҳо, ҳукумати Тоҷикистон андаке аз маҳдудиятҳо дар қонуни интихоботро рафъ карда ва он ҳам хеле ночиз мебошанд.
Масъулони аҳзоби мухолиф ва нозирон сабаби ин ҳамаро ба яккаҳизбӣ будани ҳайати порлумон дар Тоҷикистон марбут медонанд. Зеро бо он ки дар порлумон, намояндагони аҳзоби коммунист, наҳзати исломӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ҳамагӣ ду нафарӣ ҳастанд, аз 63 вакили порлумон 55 нафарашро боз ҳам намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин вакилон умдатан онҳое ҳастанд, ки дар гузашта мансаби давлатӣ доштанд ва пас аз барканорӣ аз мақом, ба порлумон ба истилоҳ "бадарға" шудаанд.