Дар се моҳи соли ҷорӣ мақомоти тоҷик барои вайрон кардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо беш аз 160 парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Аз Кумитаи дини назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел хабар доданд, ки мутобиқи маълумоти Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2014 аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 161 парванда оид ба вайрон намудани қонуни мазкур тартиб дода шуда ба додгоҳҳо ирсол шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, маблағи умумии ҷаримаи он беш аз 594 000 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 57, вилояти Суғд 69, шаҳри Душанбе 18 ва шаҳру навоҳии тобеи марказ 17 ҳолати нақзи қонун ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 161 ҳолат, аз тарафи кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 19 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.