Иттиҳоди Аврупо исми 12 нафарро аз рӯйхати таҳримот алайҳи Русҳову Украиниҳо эълон кард. Инҳо тақрибан ҳамон номҳое ҳастанд, ки чанд рӯз пеш Ийолоти Муттҳаидаи Амрико ба рӯйхтаи таҳримот алайҳи Русия ворид карда буд. Таҳримот алайҳи ин нафарон манъи сафар ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва мунҷамид шудани дориҳои онҳоро дар назар дорад. Дар рӯйхати Иттиҳоди Аврпуо исми ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, мушовирони Путин, Сергей Глазев, Владислав Сурков ва ҳамчунин раиси палатаи болоии порлумони Русия Валентина Матвиенко шомил шудааст. Исми журналисти телевизионӣ Дмитрий Киселев низ дар қатори мақомдорон дар ин рӯйхат аст. Киселев ахиран ҳушдор дода буд, ки Ийолоти Муттаҳида метавонад "хокистари радиоактивӣ" табдил шавад.