И.Усмонов: «Баъди марги модар инсон танҳост ва комёбиҳояш ҳеҷанд»

Искандар Усмонов

Филми Искандар Усмонов, коргардони ҷавону муваффақи тоҷик -«Барқия» дар як ҷашнвораи ҷаҳонии синамо дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон сазовори ҷоизаи доварон шудааст.
Ин филм соли 2012 дар ҷашнвораи синамо дар шаҳри Ханойи Ветнам сазовори ҷоизаи беҳтарин коргардон шуда буд. Ҳоло Искандар Усмонов ният дорад дар ҳамкорӣ бо прдюссерони Чех ва Украина филми наверо роҷеъ ба мусулмонон рӯи навор орад. Ҳарчанд Искандар Усмонов нахост мӯҳтавои ин филмномаро ошкор кунад, аммо дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз корҳои дигараш ҳарф зада, нахуст аз пазироии гарми тамошогарон аз филми «Барқия» дар Ҳиндустон изҳори хушнудӣ намуд.

Искандар Усмонов: Ба наздикӣ бо даъвати созмондиҳандагони ҷашнвораи байналмилалии Калкутта дар кишвари Ҳиндустон будам ва сазовори ҷоиза шудам. Ҷашнвораи Калкутта тӯли бист сол аст, ки баргузор мешавад ва дар он таҳиягарони филм аз 160 кишвари олам ширкат мекунанд. Пеш аз ин филми «Барқия» дар ҷашнвораи филмҳои Осиё намоиш дода шуд ва масъулони ҷашнвораи Калкутта дар он ҷо ширкат доштанд ва даъват карданд, ки ман бо ин филм ба Ҳиндустон равам. Даъватро бо хушнудӣ пазируфтам. Аммо ман гумон надоштам, ки филми мо ҳам миёни тамошогарон ва ҳам дар саҳифаҳои ВАО ва боиси гуфтугӯву баҳсҳо ва мавзӯи ҳамоишҳо мешавад. Бо намояндагони расонаҳои иттилоотии Ҳиндустон, Чин, Таиланд, Бангладеш, Шри-Ланка тӯли як соат суҳбат доштем. Онҳо ба филмҳои осиёӣ зиёд таваҷҷуҳ доранд.

«Озодӣ»: Мӯҳтавои филми «Барқия» чӣ гуна аст?

Искандар Усмонов: Филми «Барқия» аз рӯзгори ҷавоне қисса мекунад, ки вақте ки модараш аз дунё мегузарад, мефаҳмад, ки тамоми дунёро бохтааст. Ҳамеша дар зиндагӣ нақша мекашиду пеши худ мақсадҳо мегузошт, аммо вақте ба ҳадаф ноил мешуд, ба қафо нигоҳ намекард. Рӯзе ба як мақсади бузурги худ ноил гашта ба қафо нигариста, мефаҳмад, ки ҳарчанд дунёи худро сохтааст, ба ҳама орзуҳояш расидааст, аммо танҳост. Зеро модарашро аз даст додааст. Ҳарчанд ҳунарпешаи маъруф аст, баъди марги модар ҳам ботинан ва ҳам дар зиндагиаш танҳост. Ин филмро дар Ҳиндустон, Фаронса ва Ветнам хеле хуб қабул карданд. Дар Ханой ба дарёфти ҷоизаи беҳтарин коргардон сазовор шуда буд, аммо худам ба он ҷо рафта натавониста будам. Дертар, дар Фаронса бо сарҳаками он ҷашнвора вохӯрдам ва ӯ дасти маро фишурда гуфт, «ман хеле талош кардам, ки филми шумо сазовори ҷоизаи беҳтарин коргардон шавад. Ҳолномаи Искандар Усмонов

Ҳолномаи Искандар Усмонов

Искандар Усмонов, узви Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии Иттиҳоди журналистони ИДМ соли 1971 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи рақами 3-и ин шаҳр таҳсил карда, баъд ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва онро соли 1993 ба итмом расонидаст. Сипас мактаби махсуси PR ва таблиғи назди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, мактаби тобистонаи рӯзноманигории шаҳри Калмари Шветсия, курси коргардони филми ҳунарии назди Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ро хатм кардааст. Ҳамчунин шунавандаи якумин мактаби синамои назди Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодҳои синамогарони кишварҳои ИДМ ва Балтия ва дигар мактабҳои махсус аст. Соли 2011 Академияи осиёии синаморо дар шаҳри Пусони Кореяи Ҷанубӣ хатм кардааст. Фаъолияти эҷодиашро соли 1988 ҳамчун хабарнигори барномаҳои русии «Радиои Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан ба ҳайси коргардон ва муҳаррир дар телевизиони «Анис»-и шаҳри Конибодом кор кардааст. Солҳои 1998-2001 баранда ва муҳаррири барномаи «Вместе»-и Ширкати радиою телевизиони «Мир»-и Шабакаи ОРТ-и Русия, солҳои 2001-2002 продюссер, баранда ва муҳаррири барномаҳои Ширкати радиою телевизиони «Мир» дар Маскав кор кардааст.Баъдан дар Тоҷикистон дар рӯзномаи Варорӯди шаҳри Хуҷанд, мушовир оид ба ВАО-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мушовири калон оид ба ВАО дар Барномаи рушди СММ фаъолият дошт.Аз соли 2009 фаъолияти эҷодиашро ҳамчун продюсер ва коргардон дар таҳияи филмҳои ҳуҷҷатии шабкаҳои телевизионии Sky - News (Британияи Кабир), Russia Today (Русия), Ал - Васила (Иордания) ARTE (Фаронса) идома додааст. Муаллифи 15 филми ҳуҷҷатӣ ва се филми ҳунарӣ. Искандар Усмонов барандаи ҷоизаҳои Ҷашнвораҳои байналмилалии синамо дар Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Дания, Ҳиндустон, Эрон, Казоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, ИМА, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Соли 2012 филми Искандар Усмонов «Барқия» дар Ҷашнвораи байналмилалӣ дар Ветнам сазовори ҷоизаи «Беҳтарин коргардонӣ» шуд.
Зеро ба ман услуби кор ва пешниҳоди ҳодиса аз ҷониби шумо ниҳоят писанд омад. Зеро он ҷо ҳама ҳарфҳо ногуфта аст ва тамобошогар бояд худаш фикр кунад ва ҳадафи коргардонро дарк намояд. Баъди тамошои филм ман қариб ду соат дар фикр ғӯтавар будам, ки чӣ гуна бо як розу рамз ва ба воситаи дурбин ин қадар маъно баён шудааст».
Ин филм ҳоло дар ҷашнвораҳои дигар ширкат мекунад. Зеро ҳар филм қисмати худро дорад. Баъди он ки коргардон филмро рӯи навор меорад, он метавонад ба тамоми ҷаҳон сафар кунад. Ҳафтаи охир ман чанд мактуб гирифтам, ки филми «Барқия»-ро ба ҷашнвораҳо дар Қирғизистон, Миср ва дигар кишварҳо даъват мекарданд. Худи ҳамин моҳ ин филмро дар чанд ҷашнвораи байналмилалӣ намоиш доданд. Баъзе ҷашнвораҳои хурд маблағи зиёд надоранд, ки коргардон ва гурӯҳи эҷодиро даъват кунанд. Мо танҳо филмро ирсол мекунем. Баъзан баъди як-ду моҳ ба мо мактуб менависанд, ки филми шумо дар ҷашнвора ширкат кард ё ҷоиза гирифт.

«Озодӣ»: Муаллифи филмнома кӣ аст?

Искандар Усмонов: Ман ду ҳикоя навишта будам, ки аз рӯи онҳо филмнома падид омад. Як қаҳрамони филм марди ҷавон аст ва қаҳрамони дигар кампири 80-сола. Яке мехоҳад бимирад, дигаре мехоҳад зинда монад ва ба орзуҳояш расад. Чун худам фурсат надоштам, барои ба ҳам овардани ин ду қисса аз Бахтиёр Каримов кӯмак хостам. Ба фикрам, кори хуб шуд. Бовар дорам, ки Бахтиёр аз беҳтарин филмноманависони мо мешавад. Ба наздикӣ филмномаи Бахтиёр Каримов, ки аз рӯи он Носир Саидов филми «Оинаи беҷило»-ро таҳия кардааст, сазовори ҷоизаи беҳтарин филмнома шуд. Ва боиси хушнудист, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ҳам филмбардорӣ рӯ ба рушд ниҳодааст, ҳарчанд истеҳсоли филм дар Тоҷикистон хеле суст аст ва мо дар қиёс ба кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ақиб мондаем.

«Озодӣ»: То имрӯз чанд филм бардоштаед ва чанд ҷоиза ба даст овардед?

Искандар Усмонов: Аз ҷоизаҳо зиёд суҳбат кардан намехоҳам. Аммо то ҳол 15 филми мустанад таҳия кардаам. Филми «Барқия» сеюмин филми ҳунарии ман буд.

«Озодӣ»: Шумо аслан берун аз Тоҷикистон фаъолият доред? Шарикони шумо дар таҳияи филмҳо киҳоянд?

Искандар Усмонов: Вақте мо дар ҷашнвора ширкат мекунем, продюссерҳои хориҷӣ бо мо сӯҳбат мекунанд ва фикру андешаҳояшонро дар бораи филм мегӯянд ва барои ҳамкорӣ дархост пешниҳод мекунанд. Барои бештари онҳо Тоҷикистон кишвари кашфношуда аст. Бархе продюссерҳо дар бораи Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон медонанд, аммо дар бораи Тоҷикистон иттилое надоранд ва ҳатто ҳайрон шуда мегӯянд, ки «Тоҷикистон дар куҷо аст? Аз харита нишон диҳед». Ҳарчанд чунин ҳолатҳо кам аст, аммо баъзан мешавад. Продюссерҳо мепурсанд, ки ҳоло машғули чӣ кор ҳастед ва баъд хоҳиш мекунанд, ки филмномаро фиристед. Ман асосан бо студияҳои хориҷӣ ва созмонҳои башардӯстона кор мекунам. Филми нахустинамро консулгарии Швейтсария, Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушд дастгирӣ карда буданд. Сарпарастии филми дигарамро Бунёди Сорос ба зимма гирифт. Баъзе созмонҳои хурд ва соҳибкорон ҳам ҳимматбаландона кӯмак мекунанд.Тадриҷан вақте, ки ман дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат кардам, продюссерҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд ва иброз доштанд, ки мо омодаем бо шумо кор кунем.

«Озодӣ»: Дар сӯҳбати пешакӣ шумо гуфтед, ки қаблан шуғли рӯзноманигорӣ доштед. Чӣ гуна ба таҳияи филмҳо рӯй овардед?

Искандар Усмонов: Бале, ман пештар дар телевизиони Маскав кор мекардам. Дар Шабакаи ОРТ, муҳаррир ва барандаи барномаи «Вместе» будам. Ин як лоиҳаи Шабакаи Мир, барномаи якҷоя аз 15 ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Пештар ҳам дар Радиои Тоҷикистон ва баъд дар нашрияи Варорӯд кор кардаам. Барои ман рӯзноманигорӣ азиз аст ва медонам, ки он чӣ мушкилиҳо дорад. Солҳои охир ҳам дар созмонҳои хориҷӣ ба ҳайси мушовир дар соҳаи ахбори умум кор кардаам. Аммо орзуи филмбардорӣ аз овони кӯдакӣ дар дил мепарваридам. Соли 1988 бояд дар Донишкадаи синамогарони Маскав таҳсил мекардам, аммо афсӯс, ки фурсату имкон нашуд ва ман баргашта, ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудам. Шодам, ки дер ҳам бошад, ба синамо омадам ва дар ин соҳа кор мекунам.

«Озодӣ»: Коргардониро бо худомӯзӣ фаро гирифтед?

Искандар Усмонов: На, ман мактаби филмбардориро дар Маскавро хатм намудаам. Баъдан соли 2011 дар Академияи осиёии синамо дар Кореяи Ҷанубӣ таҳсил доштам.

«Озодӣ»: Ҳоло рӯи кадом барнома кор мекунед?

Искандар Усмонов: Барномаҳо зиёданд. Имрӯз барномарезӣ он қадар осон нест. Танҳо орзу кардан мумкин (Механдад). Се сол аст, ки рӯи як филмнома кор мекунам ва ният дорам ба наздикӣ аз рӯи он филми нав ба навор гирам. Ҳамзамон гуфтугӯҳо бо продюссерҳо аз ҷумҳуриҳои Чех ва Украина идома дорад ва насиб бошад, филми наверо дар Тоҷикистон ба навор хоҳем гирифт.