Овозхони машҳури тоҷик Далер Назаров аз лағви сафари ҳунарии дастааш ба Иёлоти Муттаҳида изҳори таассуф кард.
Овозхони саршинос Далер Назаров барои лағви сафараш ба Вашингтон аз Анҷумани фарҳангии Тоҷикистону Амрико (ТАСА) ва мухлисонаш дар Иёлоти Муттаҳида узр хост. Дастаи ҳунарии ӯ аз сафари Амрико замоне даст кашид, ки консулгарии ИМА дар Душанбе ба оҳангсоз ва продюсери даста -- Шаҳринисо раводиди сафар надод. Гуфта мешавад, Шарҳинисо натавонистааст, ба намояндаи консулгарӣ собит кунад, ки дар Амрико боқӣ нахоҳад монд ва ба Тоҷикистон хоҳад баргашт. Азбаски ба ӯ раводид дода нашудааст, боқӣ 9 узви даста аз суҳбат дар консулгарӣ барои дарёфти раводиди сафар худдорӣ кардаанд.
Яке аз созмондиҳандагони ин сафар, соҳибкори тоҷики муқими Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи омодагиҳо ба сафари гуруҳи Далер Назаров дар Вашингтон, аз ҷумла иҷораи толори консертӣ, нашри эълону лавҳа ва билетҳо анҷом ёфта, барои ҳамаи аъзои даста билети ҳавопаймоӣ харидорӣ шуда, қарор буд, Далер ва мутрибони ӯ дар Наврӯзи тоҷикони Амрико низ ҳунарнамоӣ кунанд." Ба гуфтаи ӯ, ин сафар таҳти сарпарастии сафорати Тоҷикистон дар ИМА баргузор мегашт ва даъвати чандин дастаи ҳунарии Тоҷикистон дар солҳои гузашта мушкиле ба бор наоварда буд.
Масъулини сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯянд, ки маълумоти марбут ба раводиди сафар шарҳ дода намешавад. Дафтари матуботи сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «аз рӯи муқаррароти қабулшуда, мо ҷараёни тақдими раводидро ба довталабон шарҳ намедиҳем.»
Ин дар ҳолест, ки дар вокуниш ба эълони консерти қарибулвуқӯи Далер Назаров дар Вашингтон, аксар корбарон шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз Амрико, ғолибан тоҷикистониҳову ҳаводорони оҳангҳои Далер Назаров ин хабарро истиқбол кардаанд. Бархе навиштаанд, ки мехостанд ӯ ро дар Канадаи ҳамсоя ҳам меҳмон кунанд.
Далер Назаров аз овозхонҳои сатри аввали эстрадаи тоҷик ба шумор рафта, фаъолияти ҳунариашро ҳанӯз дар солҳои 1980 оғоз кардааст. Ин ҳунарманд аз оғоз ба унвони як овозхон ва оҳангсози фавқулодда боистеъдод аз худ дарак дод. Ҳар як оҳанги эҷодкардаи вай ҳамеша ҳаводору тарафдори зиёд доштааст. Муаллифи таронаҳои машҳури "Турки шерозӣ", "Рӯдакӣ", "Эй, парӣ", "Чак-чаки борони баҳор" ва дигарҳо буда, барои филмҳои коргардонҳои маъруф Давлат Худоназаров ва Бахтиёр Худойназаров оҳанҳо эҷод кардааст.
Баробари дарёфти иттилои бештар, дар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад