Сардори ҳифзи тартиботи Раёсати корҳои дохилии пойтахт Кароматулло Раҷабов дар мурофиаи додгоҳи Сино оид ба парвандаи тахриби манзили зисти 14 сокини маҳаллаи Буни Ҳисорак, мавриди пурсиш қарор гирифтааст.
Дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 12-уми феврал бо тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи сешанбе нахустин мурофиаи парвандаи тахриби 14 манзили зисти сокинони Буни Ҳисорак баргузор шуд, ки дар он сардори ҳифзи тартиботи Раёсати корҳои дохилии пойтахт Кароматулло Раҷабов, ки бо дастури ҳукумати ноҳияи Сино ҳамроҳи кормандонаш манзилҳоро хароб карда будааст, барои пурсиш даъват шуд. Кароматулло Раҷабов дар мурофиа гуфтааст, ки бегуноҳ аст, зеро вай аз пеши худ манзилҳоро тахриб накарда, балки "фармони боло"-ро иҷро кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Сино оид ба аризаи шикоятии шаҳрванд Икром Тешаев тибқи модаи 263-и Кодекси шаҳрвандӣ, банди 2, яъне "ба ҳукумати давлатӣ оиди бартараф кардани манзилҳои зисти ғайриқонунии шаҳрвандон дода намешавад», парванда боз шудааст. Ва ҳамчунон тибқи моддаи 17, 32 ва 271 дар бораи афви шаҳрвандон, ҳамин парванда оғоз шудааст.
Ҷабрдида Теша Икромов, устоди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон аз Кароматулло Раҷабов дар робита ба ин, ки оё барои тахриби манзилҳо фармони расмӣ ё санаде дошт, пурсидааст, аммо вай дар ҷавоб гуфтааааст, ки ҳеҷ гуна фармони хаттӣ набуд ва бо амри шифоҳии «боло» манзилҳоро тахриб кардааст. Кароматуло Раҷабов афзудааст, ки дар он шаб дар Буни Ҳисорак ҳамроҳи ӯ 400 нафар милисаҳо буданд, ки бо булдозер манзилҳоро тахриб кардаанд.
Теша Икромов устоди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз додраси парванда Сиёвуш Афзалов хоҳиш кардааст, ки дар мурофиаи оянда раиси пешини ноҳияи Сино Раҳматулло Табаров даъват карда шавад, ки чаро бо тахриб кардани манзилҳои зист, мардумро дар кӯча гузошт. Додгоҳи Сино мурофиаи баъдии парвандаи Буни Ҳисоракро ба рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда мавқуф гузошт.
Зимнан раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, дар иҷлосияи муштараки палатаи поёнӣ ва болоии парлумони кишвар рӯзи 16-уми декабри соли гузашта дастур дода буд, ки аризаи шикоятии 14 сокини собиқи маҳаллаи Буни Ҳисораки пойтахт баррасӣ шавад. 14 хонавода аз ин маҳалла аз дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, додгоҳи олӣ, вазорати адлия, Шӯрои адлия, ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндагон хоҳиш карда буданд, ки шикояти онҳо дар мавриди ғайриқонунӣ тахриб шудани манзили зисташон, ки ҳанӯз се сол қабл рух дода буд, баррасӣ шавад.
Дар сӯҳбат бо Озодӣ Икром Тешаев гуфт, 14 хонаводаи иборат аз беш аз 100 нафар се сол боз идора ба идораи давлатӣ мегарданд то ба мушкилияшон раидагӣ шавад, вале ҳеҷ мақомоте ҷавоби мусбат намедиҳад. Дар робита ба масъалаи бардоштани манзилҳои зист дар Буни Ҳисорак додгоҳи Сино дар соли 2009 қарор содир кард, аммо Додситонии кулл зидди ин қарор дар ибтидо нома ирсол дошт, сипас эътироз оварда, қарори додгоҳҳоро ғайриқонунӣ ҳисобида, баррасии онро талаб кард. Ба гуфтаи Икром Тешаев, сарфи назар аз ин, бо такя ба ин қарори ғайриқонунӣ, ҳукумати Сино манзилҳои онҳоро тахриб кард ва ба 14 хонавода барои таъмини манзил то ҳол чора дида нашудааст
Сокинони Буни Ҳисорак ҳамагӣ 49 хонавода қабл аз тахриби манзилҳояшон барои хусуси кардани манзили худ санадҳоро ба ҳукумати ноҳияи Сино пешниҳод карданд, вале мақомоти ин ноҳия бидуни шарҳ 14 манзилро хусуси накарда, ҳуҷҷатҳоро пас гардондаанд ва истиқоматкунандагони ҳамин 14 хонавода инак панҷ сол мешавад, ки бидуни манзили зист мондаанд. Ҳукумати шаҳри Душанбе бо бардоштани манзилҳои зист дар маҳалли Буни Ҳисорак, гулгашти «Боғи пойтахт»-ро бунёд карда буд.