Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ба мушкили сокинони Буни Ҳисорак расидагӣ мекунад?


Дар моҳи январи соли 2010 мақомот ба мақсади бунёди боғи шаҳри манозили сокинони Буни Ҳисоракро тахриб карданд.
Дар моҳи январи соли 2010 мақомот ба мақсади бунёди боғи шаҳри манозили сокинони Буни Ҳисоракро тахриб карданд.

Чаҳордаҳ хонаводаи маҳаллаи Буни Ҳисорати Душанбе мегӯянд, ки аз ду сол ба ин тараф ба шикояти онҳо дар мавриди ба манзили зист таъмин кардан бар ивази хонаҳои тахрибшудаашон, касе расидагӣ намекунад.

14 хонаводаи сокинони собиқ кӯчаи Буни Ҳисорак, дар қисмати ғарбии Душанбе ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Додгоҳи олӣ, вазорати адлия, Шӯрои адлия ва ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат намуда хоҳиш кардаанд, ки ба шикояти онҳо дар мавриди ғайриқонунӣ тахриб шудани манзили зисташон, ки ҳанӯз ду сол қабл рух дода буд ва аз як идора ба идораи дигар мечархад, аммо ҳанӯз ҳалли худро намеёбад, расидагӣ сурат бигирад.

Икром Тешаев, устоди Донишгоҳи кишоварзӣ, ки тайи ду сол аст бинобар ҷои зист надоштанаш дар як лабораторияи Донишгоҳи кишоварзӣ ба сар мебарад, яке аз нусхаҳои муроҷиатномаро ба Дафтари радиои "Озодӣ" дар Душанбе овард. Икром Тешаев гуфт, «мо ҳеҷ намефаҳмем, яке аз идораҳо даъвои моро дар бораи тахриб кардани манзилҳои зистамон ва то ҳанӯз бехона монданамон дуруст мешуморад ва идораи дигарро дастур медиҳад, ки масъаларо ҳал кунад, аммо ин идора ба мақомоти дигар ирсол мекунад ва тайи ду сол аст, ки 14 хонавода, ки беш аз 100 нафар иборатанд, беҷои зист дар ҳар куҷо зиндагии бадавӣ доранд.»

Ҷаноби Тешаев афзуд, ки шикояту аризаву номаҳои онҳо ҳамагӣ то ҳукумати пойтахт мерасанд ва аз онҷо баргашта ба идораҳое мераванд, ки онҳо муроҷиат кардаанд. Вай мегӯяд, ки ҳадафи мардуми беҷоймонда ин аст, ки арзи онҳо ба президенти кишвар бирасад. Ҳанӯз се сол қабл раиси пешини ҳукумати ноҳияи Сино Раҳматулло Табаров бо 80 милиса ва булдозер ба маҳалаи Буни Ҳисорак омада, хонаҳоро бидун қарори додгоҳ тахриб карда ва ваъда дода буданд, ки дар ивази ҳавлиҳо хона медиҳанд, вале то ҳол мардум дар кӯча ҳастанд.

Дар робита ба масъалаи бардоштани манзилҳои зист дар Буни Ҳисорак додгоҳи Сино дар соли 2009 қарор содир кард, аммо Додситонии кулл зидди ин қарор дар ибтидо нома ирсол дошт, сипас эътироз оварда, қарори додгоҳҳоро ғайриқонунӣ ҳисобида, баррасии онро талаб кард. Ба гуфтаи Икром Тешаев, сарфи назар аз ин, бо такя ба ин қарори ғайриқонунӣ, ҳукумати Сино манзилҳои онҳоро тахриб кард ва ба 14 хонавода барои таъмини манзил то ҳол чора дида нашудааст

Сокинони Буни Ҳисорак ҳамагӣ 49 хонавода қабл аз тахриби манзилҳояшон барои хусуси кардани манзили худ санадҳоро ба ҳукумати ноҳияи Сино пешниҳод карданд, вале мақомоти ин ноҳия бидуни шарҳ 14 манзилро хусуси накарда, ҳуҷҷатҳоро пас гардондаанд ва истиқоматкунандагони ҳамин 14 хонавода инак чор сол мешавад, ки бидуни манзили зист мондаанд. Ҳукумати шаҳри Душанбе бо бардоштани манзилҳои зист дар маҳалли Буни Ҳисорак, гулгашти «Боғи пойтахт» ро бунёд карда буд.

НАВОРИ ТАХРИБИ ХОНАҲО ДАР БУНИ ҲИСОРАК (ЯНВАРИ 2010)

Тахриби Буни Ҳисорак
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG