Ҳамлаварон ба "Амонатбонк" боздошт шуданд

Гурӯҳи зудамали Раёсати умури дохилаи пойтахт гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиеро ошкор ва боздошт карданд, ки дар моҳи гузашта вориди намояндагии рақами 2-и «Амонтбанк» дар Душанбе шуда, беш аз 100 ҳазор сомониро ба яғмо бурданд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 5 феврал ба радиои "Озодӣ" иттилоъ дод, ки гурӯҳи зудамали Сарраёсати корҳои дохлии пойтахт рӯзи сешанбе аъзои ин гурӯҳи сенафараи ҷиноӣ иборат аз сокинони пойтахт ва як сокини ноҳияи Данғараро боздошт карданд, ки дар таърихи 24-юми январ қуфли дари хазинаи филиали рақами 2-и «Амонатбонк», воқеъ дар кӯчаи Деҳлавиро шикаста, аз дохили чанд сандуқи оҳанин, маблағи 127 ҳазору 90 сомониро дуздидаанд. Тавре Дафтари матуботи ВКД хабар медиҳад, сокинони пойтахт Бобоҷон Сайдалиев, Ҷамшед Убайдуллоев Оламафрӯзи Турдизод ва Эмомалии Сангалӣ, сокини ноҳияи Данғара, дастгир карда шуданд. Манбаъ мегӯяд, феълан барои рӯшан кардани ҷузъёти ин ҳодиса, тафтишоти пешакӣ идома дорад.