Вазири саноат ва технологияҳори нави Тоҷикистое мегӯяд, ки истихроҷи тилло дар конҳои ин кишвар беш аз 11 дар сад афзудааст. Шавкат Бобоев, рӯзи душанбеи 31-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2013 дар даро кишвар 2 тоннау 674, 5 кило тавлид шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, ин дар муқоиса ба соли 2012 тавлиди тилло 273. 5 кило ё 11, 4 дар сад бештар шудааст, ки нишондиҳанбаи хубе барои иқтисоди Тоҷикистон аст. Ҷаноби Бобоев гуфт, ки фаъолияти корхонаҳои истихроҷи тилло, ба хусус корхонаи муштаарки "Зарафшон" дар шимоли Тоҷикистон беҳтар будааст. Ҳамзамон вазири саноат ва технологияҳои нав мегуяд, ки тибқи пешбиниҳо, истихроҷи тилло дар соли ҷорӣ ба 3 тонна хоҳад расид.