628 ҷавони суғдӣ аз мадрасаҳои хориҷ баргардонда шудааст

Абдулҳаким Шарифов.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд то кунун 628 нафар ҷавонони суғдӣ, ки дар донишгоҳ ва мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Абдулҳаким Шарифов, роҳбари бахши дини ҳукумати Суғд рӯзи 27-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, дар соли 2010, ки баргардонидани ҷавонони тоҷик аз таҳсили динии кишварҳои хориҷӣ оғоз ёфт, 628 сокини вилояти Суғд дар донишгоҳ ва мадрасаҳои кишварҳои Шарқ, бидуни иҷозаи вазорати маорифи кишвар таҳсил мекарданд. Вай афзуд, то кунун аксари онҳо ба ватан баргардонида шуда, дар ҳоли ҳозир танҳо 10 нафар таҳсил доранд

Масъулони бахши оид ба корҳои дини вилояти Суғд мегӯянд, аз ин ҷавонон 3 нафар бо иҷозаи расмӣ, вале 3 нафар ба таври ғайриқоннӣ таҳсил мекунанд.

Ҷаноби Шарифов гуфт, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои бидуни иҷозаи расмии давлат таҳсил кардан дар муассисаҳои динӣ аз 50 то 100 маоши ҳадди ақал ҷарима таъин шудааст. Вале татбиқи банди ин қонун нисбат ба донишҷӯе, ки дар хориҷа қарор дорад ва бояд замони ҷазои маъмурӣ дар додгоҳ ҳузур дошта бошад, душвор ба назар мерасад.