Масъулони Раёсати хизмати давлатии назди раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, ки 40 дарсади кормандони хизмати давлатӣ ҷавонони то синни 35-сола ҳастанд.
Гурез Қосимов, муовини раёсати хизмати давлатӣ рӯзи 14-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, 82 нафар донишҷӯе, ки дар донишкадаи навтаъсиси идоракунии давлатӣ таҳсил мекунанд метавонад барои бештар кардани хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон мусоидат кунад.
Масъулони раёсати хизмати давлатӣ мегӯянд, маоши миёнаи хизматчиёни давлатӣ 995 сомонӣ ё ҳудуди 200 доллар аст.
Ба гуфтаи масъулони ин раёсат шуруъ аз 7-уми январи соли 2014 донишкадаи навтъасиси идоракунии давлатии назди президент ба кори худ шуруъ кард, ки ҳоло дар он 82 нафар барои омӯхтани илму дониш шомил шудаанд.
Гурез Қосимов гуфт, ки донишкадаи мазкур дорои се факултет буда, аз рӯи се ихтисос амал мекунад.